Баланд бардоштани малакаи касбии кормандон дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир
Дар факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябр то 21 ноябри соли 2020 тибқи реҷаи тасдиқгардидаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июли соли 2020 бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ курси такмили ихтисос бо ваколатдорони калон ва ваколатдорони оперативии Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири (РМЗГҒММ) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар навбати худ бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои кормандони РМЗГҒММ дар сатҳи баланди касбӣ аз тарафи олимон ва омӯзгорони пуртаҷрибаи кафедраҳои тахассусӣ гузаронида шуд. Инчунин дар самти мазкур мутахассиси шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардид.
Баъди хатми курси мазкур бо фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №717 аз 19-уми декабри соли 2020 аз тарафи сардори шуъбаи таълими Академия, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. ва сардори факултети №3, н.и.ҳ., майори милитсия Амрудинзода М.А. ба шунавандагони сертификатҳо дода шуданд.
Маъруфиён Б.М., Сафарова С.Н.