Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рафти дарсҳо дар курси такмили ихтисос

480

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ имрӯз шароити муассисаҳои таълимии мақомот ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонида шудааст ва дар ин раванд барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мунтазам тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона маркази омода намудани кадрҳо барои мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хеш соҳаи маорифро аз муҳимтарин самти афзалиятнок шуморида, дар баромада-шон масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисос ва худшиносу худогоҳро барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мунта-зам таъкид менамоянд.
Вобаста ба ин, яке аз вазифаҳои асосие, ки дар назди Академия меистад, омода намудани кадрҳои баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратии кишвар мебошад.
Самти асосии фаъолияти Академия ин таъмини ра-ванди таълим, пешбурди корҳои таълимӣ-методӣ ва тар-бияи кадрҳо мебошад.
Хушбахтона, имрӯз дар Академия олимони унвонҳои илмидошта, докторони илм ва профессорҳо, номзадҳои илм, дотсентон, Ҳуқуқшиносони шоистаи Тоҷикистон, Кормандони шоистаи Тоҷикистон, аълочиёни маориф ва илми ҷумҳурӣ ва кормандони фахрии Вазорати корҳои до-хилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд. Ғайр аз ин, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим ва таъмин намудани он олимони ботаҷриба ва роҳбарони амалии сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷалб карда шудаанд, ки далели ҳамоҳангии фаъолият дар раванди омодасозии кадрҳои миллӣ мебошад. Фаъолияти бевоситаи до-нишмандон, алалхусус муҳтарам Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки нигоҳи созанда ва таваҷҷуҳи пайваста ба ин соҳа дорад, барои мо мояи ифтихор буда, далели таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷики-стон ба раванди омода намудани кадрҳои имрӯзу ояндаи кишвар дар соҳаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ме-бошад.

481

Ҳамзамон, қайд намудан ҷоиз аст, ки имрӯзҳо дар Академия бо дастури бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва нақшаи таълимӣ-мавзӯӣ тасдиқ гардида, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши оперативии кормандони ҷавони муассисаҳои олии касбии ВКД Федератсияи Россияро хатм намуда, дар самти «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар заминаи факултети №6 ва факултети №3 Академия курси такмили ихтисос ташкил карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки дарсҳои таълимии Академия дар толорҳои барҳавои лексионӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо воситаҳои аёнии таълим, синфхонаҳои махсус гузаронида мешаванд. Ғайр аз ин шунавандагони курсҳои такмили ихтисос аз китобхонаҳои умумӣ, илмӣ, электронӣ ва махсус метавонанд самаранок истифода кунанд. Тибқи нақша барои гу-заронидани курси мазкур шахсони ботаҷрибаи раёсатҳои РКҶ, РМЗҶМ, РМЗГҒММ, РАД, СМИТ-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Академия, инчунин олимони ун-вонҳои илмидошта ҷалб гардидаанд, ки далели ҳамоҳангии фаъолият дар раванди омодасозии кадрҳо мебошад.
Роҳбарияти Академия ва ҳайати профессорону омӯзгорон дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти бо-лоиро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани сифати таълим тадбирҳои навро роҳандозӣ менамоянд.
Убайдуллоев Ш., Сафарова С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...