Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили дарсҳои амалӣ дар Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ

477Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ, роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баланд бардоштани сатҳи дониши курсантон, такмил додани таҷрибаи амалии онҳо дар заминаи Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои амалӣ ташкил карда шудааст. 

Аз ин лиҳоз бо дастгирии роҳбарияти Кумитаи мазкур ва Маркази таълимии ҳамин Кумита нақша - барномаи гузаронидани дарсҳои амалӣ тартиб дода шуда, аз тарафи роҳбарияти Кумита тасдиқ карда шудааст, ки дар асоси он ҳафтае як маротиба мутахассисони соҳа ба курсантони ихтисоси ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда дарсҳои амалӣ гузаронида истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки 93% ҳудуди заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бештар кӯҳпораҳо ташкил медиҳанд, ки ҳамасола ва ҳар лаҳза дар вақтҳои мавсимӣ фаромадани ярчу тарма, омадани селу боришот аз эҳтимол дур нестанд. Бинобар ин, хавфи сар задани чунин ҳодисаҳо ба давлату ҷамъият ҳисороти ҷонию молӣ ба миён меорад. Зиёд гардидани шумораи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, инчунин маҷмӯи хатарҳои ба инсон таҳдидкунандаро ба инобат гирифта, ба масъалаи пешгӯӣ намудан, огоҳонидани аҳолӣ оид ба таҳдид ва ба амал омадани ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои гуногун, вақтҳои охир диққати махсус дода мешавад.
Таъмини ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, яке аз вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи бехатарии миллӣ ва таъмини устувори тарақиёти давлат мебошад.

478

479Ҳолати фавқулодда - ин вазиятест, ки дар ҳудуди муайн, дар натиҷаи садамаҳо, зуҳуроти табии хатарнок, фалокатҳо, офатҳои табиӣ ва дигар офатҳо ба вуқӯъ омада, ба талафоти ҷонӣ, зарар ба сиҳатии одамон ё муҳити табии атроф, хисороти назарраси моддӣ ва халалдор намудани шароити зиндагию кори одамон оварда расонидааст ё оварда мерасонад. Пешгирии ҳолатҳои фавқулодда - системаи чорабиниҳои саривақт ба роҳ мондашудаест, ки барои ҳар чӣ камтар кардани хатари рух додани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин барои ҳифзи сиҳатии омма, кам кардани миқдори зарари муҳити зист ва талафоти моддӣ дар ҳолати рух додани онҳо, нигаронида шудааст. Рафъи ҳолатҳои фавқулодда- корҳои наҷотдиҳӣ аз садама ва дигар корҳои таъхирнопазир, ки ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда анҷом дода мешаванд ва ба наҷотдиҳии ҳаёт ва ҳифзи сиҳатии одамон, кам кардани ҳаҷм ва зарари муҳити табиии атроф ва талафоти моддӣ, инчунин барои маҳдуд кардани мавзеъҳои ҳолатҳои фавқулодда, қатъ намудани фаъолияти омилҳои барои ин мавзеъҳо хатарнок нигаронида шудаанд.
Бинобар ин аз тарафи мутахассисони соҳа истифодабарии чунин таҷҳизоту нақлитёҳое, ки ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда - корҳои наҷотдиҳӣ аз садама ва дигар корҳои таъхирнопазир, ки ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда анҷом дода мешаванд, дар дарсҳои амалӣ ба курсантони Академияи ВКД омӯзонида шуданд.
Бояд қайд намуд, ки ташкили чунин дарсҳои амалӣ баҳри омода намудани мутахссисони соҳа ва ба талабот ҷавобгӯ будани онҳо дар бозори меҳнат ин яке аз вазифаҳои муҳими роҳбарияти муассисаю мақомотҳо мебошанд. Ва роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ қаноатманд буда, итминони комил дорад, ки чунин ҳамкориҳои судманд дар оянда густариш хоҳанд ёфт.
Сатторзода А.С., сардори кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои
фавқулоддаи факултети №5, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...