Нақши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар тадбиқи ҳадафи саноаткунонии босуръати кишвар: проблема ва дурнамо
Бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми солонаи 2019 бармеояд, солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидааст ва инчунин бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи илмӣ-тадқиқотӣ ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас санаи 30 ноябри соли 2020 бо ташаббуси кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи факултети №5, конфренсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Нақши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар тадбиқи ҳадафи саноаткунонии босуръати кишвар: проблема ва дурнамо” бо иштироки роҳбарияти Академияи ВКД баргузор гардид.
Дар кори конфренсияи илмӣ – назариявӣ устодону курсантон ширкат варзиданд. Дар чорабинии мазкур устодони соҳаи илму техника Нуруллозода Меҳрулло - сардори факултети №5, майори милитсия, Муминиён Алишер Амин - муовини сардори кафедраи фанҳои муҳандисию техникии факултети №3, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, дар мавзӯи “Рушди илмҳои дақиқ яке аз омилҳои пешрафти саноат ”, Саидзода Файзиддин Мирзошариф – муаллими калони кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия, дар мавзӯи “Физика ва фалсафаи ҷаҳон”, Холзода Комил Абдуғаффор – муаллими калони кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи факултети №5, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия, дар мавзӯи “Таърихи инкишофи илмҳои табиатшиносӣ”, Айдархонзода Шукрихудо Айдархон – муаллими калони кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Рушди саноати истеҳсолӣ ва бехатарии онҳо», Исозода Фаррух - курсанти курси 4 ихтисоси ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия дар мавзӯи «Рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ заминаи устувори навовариҳо ва пешрафти илму технология» баромад намуданд.
Дар баромади иштирокчиёни чорабинӣ, якчанд масъалаҳо оид ба анҷом додани тахқиқоти муштарак ва тарбияи кадрҳои илмӣ-техникӣ, такмил ва вусъат додани низоми дастгирӣ ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ заминаи устувори навовариҳо ва пешрафти илму технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Ҳамин тариқ, ҳангоми ҷамъбасти чорабинӣ Нуруллозода Меҳрулло иброз намуд, ки умедворам ин конфренсия ба ҳамагон аз нуқтаи назари илмӣ вобаста ба рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ заминаи устувори навовариҳо ва пешрафти илму технология такон хоҳад бахшид. Ва воқеан тавсияҳои методӣ, ақида ва пешниҳодҳои баромадкунандагон вобаста ба проблемаҳои мавҷуда саривақтӣ ва аҳамиятнок буданд.
Бо ҳамин, кори конфренсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар тадбиқи ҳадафи саноаткунонии босуръати кишвар: проблема ва дурнамо» ба анҷом расид.
Сатторзода А.С., сардори кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи факултети №5, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия.