Ҷалби курсантон ба омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
Дастовардхои илмӣ тайи солхои охир собит намуданд, ки курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанги сулҳу дӯстӣ, табиати биҳиштосо ва иқтидору имкониятҳои кишвари худро барои ҷаҳониён ба таври шоиставу арзанда муаррифӣ карда метавонанд. Аз тарафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдории миллӣ ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи соҳаи маориф як силсила ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд. Бинобар ин масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, махсусан ба илм ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ шуғл варзидани ҷавонон ҳамчун яке аз масъалахои муҳими давлатдорӣ, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад.
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи муассисаҳои олии таълимӣ мебошад, ки дар ҷодаи омода намудани кадрҳои баландихтисос барои Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамояд. Аз тарафи роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки курсантонро дар руҳияи поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ, ахлоқи ҳамида, инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ, садоқат ба Ватан, ҳақиқатҷӯӣ ва адолатпарастӣ тарбия намоянд.
Бинобар ин факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои банди 1 нақшаи чорабиниҳо вобаста ба эълон гардидани соли таҳсили 2020-2021 «Соли омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин банди 1 нақша чорабиниҳои факултети №4, ки дар асоси нақшаи Академия тартиб дода шудааст, ҷиҳати ташкил намудани синфхонаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таъмин намудани адабиёти дарсӣ, дар ин замина ба роҳ мондани омӯзиши китоби дарсии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. дар моҳи ноябри соли 2020 ду адад синфхонаҳои таълимӣ мутобиқ ба талаботи имрӯза аз таъмир бароварда шуда, барои омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шуд. Синфхонаҳои мазкур бо банеру овезаҳо муҷаҳҳаз гардонида шуда ахбори зарурӣ барои курсантон омода карда шудааст.
Инчунин роҳбарият ва омӯзгорони факултети №4 тибқи дастуру супоришҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва нақшаи чорабиниҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли таҳсили 2020-2021 «Соли омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ, аз ҷумла омӯзиши китоби дарсии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо курсантон дар доираи омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ озмун ва викторинаҳо низ ташкил ва гузаронида шуда истодааст.
Одиназода А.Ш., сардори факултети
№4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия.