Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Арзиши таърихии асарҳои Пешвои миллат

472Арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик яке аз рукнҳои муҳимтарини худшиносию худогоҳии миллӣ ба ҳисоб рафта, ифтихор аз он пайвандгари наслҳои гузашта ва имрӯзу ояндаи миллат ба ҳисоб меравад. Бозтоби илмии лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсози тоҷикон дар асарҳои Асозгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассуми равшан дорад. Арзиши таърихии асарҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, аз он нуқтаи назар муҳим аст, ки он паҳлуҳои мухталифи худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳёи хотираи таърихии тоҷиконро дар оинаи таърих инъикос намудааст. Нуқтаи дигаре, ки боиси таҳсин аст, инъикоси воқеии раванди сулҳи тоҷикон ва наҷоти ватану миллат аз парокандагӣ мебошад.
Мазмуну муҳтавои асарҳои Пешвои миллат хотирнишон аз он мекунанд, ки ҳар насл ва ҳар фарди алоҳида занҷирае дар таърихи башарият аст, ки тавассути мавҷудияти хеш гузаштаро бо оянда мепайвандад. Асарҳои Пешвои миллат танҳо ба хотири донистани гузашта набуда, балки дурнамоест, ки роҳи ояндаи давлат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои тақвияти ватанпарастиву кишвардорӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда равона гардидааст. Илова бар ин, асарҳои Пешвои миллат дар раванди устувор намудани рукнҳои давлатдории тоҷикон дар шароити навин муҳим мебошанд. Пешвои миллат бо мақсади баҳо додан ва огоҳ намудани насли наврас ба гузаштаи худ ба навиштани як зумра асарҳои таърихӣ даст задаанд, ки онҳо арзиши баланди таърихӣ дошта, саҳифаи навро дар илми тоҷик кушодааст.
Бояд гуфт, ки арзиши таърихии асарҳои Пешвои миллат бо гузашти айём тақвият хоҳад ёфт. То имрӯз нуҳ асари Пешвои миллат рӯи чопро дидаанд, ки аксари онҳо асарҳои силсилавӣ мебошанд;
1. Тоҷикон дар оинаи таърих;
2. Нигоҳе ба тамаддун ва таърихи ориёӣ;
3. Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам;
4. Имоми Аъзам – рӯзгор, осор ва афкор;
5. Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ;
6. Бист қадами созанда;
7. Забони миллат - ҳастии миллат;
8. Чеҳраҳои мондагор;
9. Уфуқҳои истиқлол.
Асарҳои Пешвои миллат инъикосгари таърихи гузаштаву имрӯз ва махсусан дастовардҳои замони истиқлол буда, мутолиаи онҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагии миллии тоҷик аҳамияти хос дорад. Ҳамчунин, арзиши илмии асарҳоро баррасии сабақҳои таърихии тоҷикон ташкил медиҳад, ки он барои ташаккули минбаъдаи тоҷикон ва эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ аҳамияти муҳим дорад.

Фарида Ёрова, омӯзгор

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...