Ҳамкории милитсия бо ҷомеа
Соҳиб гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва раванди ташаккулёбии давлатдории миллӣ, бо асосҳои ҳуқуқии бунёди он вобастагии амиқ дорад. Таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон вазифаи боифтихор ва масъулиятноки мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус милитсияи он яке аз ниҳодҳои боэътимоду муқтадири ҳифзи ҳуқуқ дар кишвар мебошад. Таъмини амнияти дохилӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бе фаъолияти ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ имконпазир аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар кишвари мо рӯзи 10 ноябр ҳамчун рӯзи таҷлили ҳомиёни тартибот баргузор мегардад, ки он баёнгари мавқеъ, мақом ва нуфузи ин сохтори қудратӣ дар назди халқу кишвар мебошад.
Баъди таъсис ёфтани Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз тарафи омӯзгорони он ба масъалаи таърихи милитсия таваҷҷуҳи зиёд пайдо гардидааст. Миёнаи солҳои 90-ум аз тарафи собиқ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, генерал-майори милитсия А.Розиқзода доир ба таърихи таъсиси милитсияи тоҷик, мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифта шуд. Муҳаққиқ дар асоси омӯхтани маводи зиёде, ки аз бойгониҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва бойгониҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илмӣ исбот намуд, ки маҳз 10 ноябрро метавон санаи дақиқи таъсиси милитсияи тоҷик қабул намуд.
Назарияи пешниҳодгардидаи А.Розиқзода аз тарафи олимону муҳаққиқони ватанӣ – д.и.ҳ., полковники милитсия Назарзода Н.Ҷ., устоди зиндаёд профессорон Иномов М., Набив В., ва дигарон дастгирӣ ва ҳамовозӣ пайдо кард.
Хушбахтона, баъди чанд соли пофишории олимони соҳа пениҳоди роҳбарияти ВКД ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз таъриху фарҳанги миллатамон хеле хуб огоҳанд, соли 2012 дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» нисбати рӯзи милитсия тағйирот ворид карда шуда, санаи 6-уми феврал ба 10-уми ноябр иваз карда шуд. Акнун аз ҳамин сол сар карда минбаъд рӯзи милитсия 10-уми ноябр дар кишварамон ботантана таҷлил карда мешавад.
Саҳифаҳои таърихи мақомоти корҳои дохилӣ дар зарфи зиёда аз 29 соли истиклолият саршори намунаҳои беҳтарини ватандӯстӣ, садоқатмандӣ, далерию шуҷоат ва ҷавонмардию ифтихори баланди миллӣ мебошад. Ҳақ ба ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Э.Раҳмон аст, ки мегӯяд: «Дар хотираи неки халқ ҷасорат ва садоқати бепоён ба кори нахустин кормандони милитсия, қаҳрамонӣ ва шуҷоати милитсионерон дар солҳои барқароршавӣ ва ҳифзи сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон абадан боқӣ хоҳад монд».
Санаи 27-уми ноябри соли 2020 бо ташаббуси роҳбари маҳфили илмии курсантон бо номи «Ҳомии тартибот» муаллимаи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, лейтенанти калони милитсия Маруфзода М.М., дар факултет мизи мудаввар бахшида ба милитсияи тоҷик таҳти унвони «Таъсисёбии милитсияи тоҷик» бо аъзоёни Ҷамъияти илмии курсантон ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар миззи мудаввар устодони кафедра подполковники милитсия Абдусатторзода Н.А., дар мавзуи «Вазифаҳои мушаххас дар макомоти корҳои дохилӣ», лейтенанти калони милитсия Абдуллозода Д.А., дар мавзӯи «Мавқеи милитсия дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои терроризм ва экстремизми хусусияти динидошта», лейтенанти калони милитсия Маруфзода М.М., дар мавзуи «Таърихро набояд инкор кард», лейтенанти калони милитсия Асадхонӣ А., дар мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» ва курсантони курси 3-юм милитсияи қаторӣ Исмоилов Зиёратшоҳ дар мавзуи «Ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ташкилотҳои меҳнатӣ, аҳолӣ ва воситаҳои ахбори омма дар таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ» ва милитсияи қаторӣ Муродқулов Муродқул дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти нозироти ташкилии МКД» бо маърӯзаҳои пурмӯҳтавои худ баромад намуданд. Дар миззи мудаввар курсантони курси 3-юм фаъолона ширкат варзиданд. Исмоилов З.М., курсанти курси 3-юми гурӯҳи 301 факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ.
Муродқулов М.Т., курсанти курси 3-юми гурӯҳи 302 факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ.