Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

458

Рӯзи 24-уми ноябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар вилояти Суғд бо иштироки роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва намояндагони телевизион ва радиои вилояти Суғд конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Парчам - рамзи давлатдорӣ» бахшида ба иди Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо даровардани Парчами миллӣ ба толор зери садои оркестри нафасӣ ва хондани Суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ оғоз гардид. Дар ифтитоҳи чорабинӣ сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал – майори милитсия Навҷувонов А.Ш. аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ва роҳбарияти Раёсат бо «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрик карда, бо маърӯза баромад намуд. Зикр гардид, ки ин санаи таърихиро дар масири таърихӣ қайд намуд ва ҳозиринро дар анҷоми сухан бо рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод намуд.
Инчунин дар маҷлиси тантанавӣ ва конфренсияи илмӣ-назариявӣ сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С. ва муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Самадзода И.А., бо маърӯзаҳои худ баромад намуда, аҳамияти таърихӣ ва ҳуқуқии парчами миллии тоҷикон маълумоти ҷолиб ба ҳозирин пешкаш намуданд.

459460

Дар охири конференсияи илмӣ – назариявӣ зери садои оркестри нафасӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайати шахсӣ ба таври зинда хонда шуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз толор бароварда шуд.
Самадзода И.А., муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.

Хонкилдиев А.Б., корманд – мутахассиси кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...