Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами миллӣ – ифтихор аз Тоҷикистони соҳибстиқлол

445Дар баробари дигар ҷашнҳои бузург яке аз нишонаҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ рӯзи Парчами миллӣ, ки 24 - уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсоз тасдиқ гардидааст дар таърихи тоҷикон нақши муассир дорад. Тоҷикистон дорои нишона ва рамзи муайян, яъне Парчам мебошад, ки барои халқи мо муқаддас ба шумор меравад.
Ин аст , ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро бо ҳамин Парчами нурафшон мешиносанд. Маҳз бо ҳамин Парчам мо тавонистем, ки давлати хешро миёни дигар давлатҳо муаррифӣ намоем. Мо тоҷикон дар таърихи инсоният яке аз миллатҳои қадим соҳиби Парчами худ будем. Дар таърихи гузаштаи мо тамоми сулолаҳо Парчами худро доштанд ва онро бо рангҳои гуногун зеб медоданд. Парчами миллӣ дар ҳама давру замон баёнгари соҳибистиқлолӣ, ватандорӣ ва соҳибдавлатии ҳар як миллат буд, ҳаст ва мемонад. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Миллати тоҷик бо фарҳангу ватандӯст будан, расму оини ниёгони худро ҳамеша пайгирӣ мекунанд ва ба арзишҳои олии он эҳтироми хоса зоҳир менамоянд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи эҳтиромгузорӣ ба Парчами давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Аз ин ҷост, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе “Боғи Парчами Миллӣ” бунёд шуд, ки он ифтихори мо мебошад. Дар маркази боғи мазкур Парчами давлатӣ парафшонӣ мекунад, ки баландии умумии он 165 - метр буда, яке аз баландарин Парчамҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва ҳамасола ҳазорон нафар сайёҳони хориҷӣ барои тамошои ин манораи бузург ташриф меоранд.
Парчами миллии худ нишон ва рамзи муқаддасоти кишварамон, халқамон ва давлатдориамон маҳсуб меёбад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон симои сиёсии давлатро дар арсаи ҷаҳон бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол муаррифӣ мекунад.
Рангҳои Парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи тоҷик ва баёнгари арзишҳои фарҳангии миллӣ ва сиёси мебошад. Парчами давлатии мо на танҳо аз лиҳози бузургӣ, балки интихоби пурмазмуну файласуфонаи рангҳои он сурх, сафед ва сабз низ ифодакунандаи орзуву ормонҳои миллати тоҷик мебошад. Нақши тоҷ ва ҳафт ахтар дар меҳвари он бозгуйи миллати аз қадим соҳибдавлат ва тоҷдор будани онро нишон медиҳад
Бигузор Парчами давлатӣ, ки файзи Истиқлоли давлатӣ ва рамзи озодии миллати тоҷик аст, то абад партавфишон бошад.
Амиршоев И.И.
-курсанти курси 4
факултети №2 Академияи ВКД,
милитсияи қаторӣ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...