Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

456

Бахшида ба рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-уми ноябри соли 2020 чорабинии тантанавии пагоҳирӯзӣ бо ширкати ҳайати шахсӣ ва курсантон баргузор гардид.
Нахуст чорбинии тантанавиро муовини сардори Академия, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З.А. оғоз намуд ва Суруди миллии Тоҷикистон садо дод.
Саидзода З.А иброз намуд, ки Парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дорад ва ҷузъи муҳимми фарҳанги давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад.
Парчамдориву парчамбардории халқи мо таърихи қадима дошта, аз аҳди бостон то имрӯз давраи тӯлониро тай намудааст. Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд. Вобаста ба парчамбардории давлатҳои абарқудрати ниёгони мо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нирӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад.

457

Сипас омȳзгорони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ ва курсантони Академия бо маърȳза дар мавзȳи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ҳайъати шахси ва курсантонро самимона бо ин рузи таърихӣ табрик намуданд.
Асламов Б., Сафарова С., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...