Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди иштирокчиёни Фестивали дӯстӣ аз Академияи ВКД

a41Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо иштироки ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ баргузор гардид.

 Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиёни Фестивали мазкур аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, як ҷаҳон таассуроти хотирмон бардоштанд.

Барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ба хусус ташаккули фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ фароҳам овардани заминаҳои мусоиди худташаккулёбии ҷавонон бахшида ба «Соли ҷавонон» аз номи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо «Ифтихорнома» ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.

Наҷмидинов М., раиси Шӯрои ҷавонони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...