Вохӯрӣ бахшида ба «Соли омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»
Баҳри иҷрои банди 7 нақшаи чорабиниҳо вобаста ба эълон гардидани соли таҳсили 2020-2021 «Соли омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин банди 6 ва 15 нақша чорабиниҳои факултети №4, ки дар асоси нақшаи Академия тартиб дода шудааст, санаи 20 ноябри соли 2020, дар толори маҷлисгоҳи факултети №4 вохӯрии курсантони курси 5 бо сардори шӯъбачаи кушодани ҷиноятҳои вазнин байни ҷавонони ШКҶ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори милитсия Мамадов Б.А., ташкил ва гузаронида шуд.
Зимни вохӯрӣ сардори шӯъбачаи мазкур Мамадов Б.А. ба курсантон дар мавзӯи «Пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ» маълумот дода, ҳамчунин доир ба нозукиҳои кори корманди оперативӣ сӯҳбати озоду диққатҷалбкунанда барпо намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ байни курсантон ва майори милитсия Мамадов Б.А. саволу ҷавоб, дар мавзӯи мазкур ва дигар масъалаҳо вобаста ба кори ҳамарӯзаи ваколатдори оперативӣ сурат гирифт, ки он ниҳоят шавқовар ва ҷолиби диққат буд.
Қайд кардан зарур мебошад, ки баъди чунин вохӯриҳо бо кормандони амалии самти оперативӣ теъдоди зиёди курсантони факултети № 4 ба омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шавқу рағбати хосса пайдо намуда истодаанд.
Ибрагимзода Ҷ.И., муаллими калони кафедраи ФОҶ МКД факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия.