Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами нангу номи мо

«Бигзор, парчами пурҷиллло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиклоли мо ҷовидон бошад».

Эмомалӣ Раҳмон

447

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса ботантана таҷлил мегардад. Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол - шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯсти мамлакат гардид. Бешубҳа, қомат афрохтани Парчами миллӣ, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, бо маҷмӯи биноҳои маъмурию фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе ҳусну латофату зебоии иловагӣ бахшида, мавзеи ҷойгиршавии онро «Майдони парчам» номгузорӣ намуданд.
Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз замонҳои қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтодани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт. Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат буда, ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг, ранги сурх - озодиву истиқлол, ранги сафед - сулҳу оромӣ, ранги сабз - ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти таммаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақим ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои мардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Бахшида ба ин санаи муборак дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои зиёди илмию адабӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор гардида истодаанд.

448449

Бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ рӯзи 20-уми ноябри соли 2020 маҳфили Ҷамъияти илмии курсантон (ҶИК) таҳти унвони «Забондон» бо иштироки курсантони курси якум, дуюм ва сеюм дар мавзӯи «Таджикистан страна моей мечты» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баргузор гардид.
Маҳфил аз ҷониби муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, полковники милитсия Саидзода З.А. оғоз гардида, номбурда дар рафти суханронии хеш қайд намуд, ки истифодаи рамзҳои давлатӣ дар тарбияи ҷавонон аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба ҷавонон фаҳмонида мешавад. Бо ин роҳ ифтихори ватандории онҳо ташаккул меёбад. Ҳар фарди бомаърифат ва содиқ ба Ватану миллат, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан маскан гирифтааст, парафшонии ливои миллӣ ба ӯ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад…
Дар фарҷоми маҳфил бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ, муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, полковники милитсия Саидзода З.А. ба курсантоне, ки маҳорати забондонии онҳо аз ҷониби ҳакамон сазовори баҳои баланд гардид, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Давлатшозода Азиза, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...