Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон Парчамат поянда бод!

443“Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон

Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад, ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад.

Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтирӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.
Дар Парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегирад, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кушиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар тоҷ ва 7 ситора, ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёри инъикос гардидаанд.
Аз ин ҷост, ки Парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сӯи фардои дурахшон роҳнамоӣ мекунад. Таҷлили рӯзи Парчами давлатӣ ин санаи барои ҳамаи тоҷикистониён муқаддас нишони равшани эҳтироми шаҳрвандони огаҳдилу соҳибихтиёри Тоҷикистон ба рамзҳои давлатӣ мебошад. Ҷойи шукргузории зиёд аст, ки ҳамаи мо дар фазои тантанаи волоияти қонун, амнияту субот ва сулҳу осоиши устувор ин санаи мубораку ифтихоромезро таҷлил карда, бо ин ҳисси қадршиносии худро нисбат ба Ватан ва муқаддасоти он содиқона ва самимона иброз менамоем.
Тоҷикистон Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!
Аз ин рӯ мо,бояд ба масъалаи суботу амнияти Ватани азизамон ва ҳифзи давлату давлатдорӣ диққати боз ҳам бештар дода, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем ва дар зери Парчами давлатӣ ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем. Бинобар ин, ҳар як фарди равшанзамири ин Ватани биҳиштосоро зарур аст, ки нисбат ба рамзҳои давлатӣ, алалхусус Парчами давлатӣ эҳтироми зиёд дошта бошад.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Муродов Фарҳод Ғайратович,
курсанти курси 3-юми факулети рақами№ 2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
сержанти хурди милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...