Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон
Истилоҳи Парчам ҳамчун рамзи худшиносӣ худогоҳӣ, ягонагӣ ва сарҷамъию пирӯзӣ таърихи беш аз 3000-сола дошта аҳамияту моҳияти асосии муттаҳид кардани мардум барои ба даст овардани ҳадафҳои ягона ба мисоли озодӣ, ободии истиқлолият ва ғайра аст. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ хоса Парчами миллӣ, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 3 ба таври зайл дарҷ гардидааст. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.
Вақте, ки мо имрӯз - дар асри бисту як ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф кашида барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоти телевизиониашон 23 ноябри соли 2009 ба муносибати рӯзи Парчами давлатӣ қайд намуда буданд, ки “Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.
Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад. Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат барои дар руҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.
Боиси хушҳолист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаланди аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад. Бигзор Парчами давлатӣ болои сари миллату давлати тоҷикон абадан ҷилвагар ва парафшон бошад.
Абдуҳафиззода Эҳсон Эркин, курсанти курси 3 факултети рақами№2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ.