Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пайравони Пешвои миллат

440Истиқлолият неъмати беназир ва ганҷи нодири халқу миллат буда, баҳри ба даст овардани он тӯли ҳазорон солҳо мубориза, талошу заҳмат ва ҷоннисориҳои бепоёни мардуми тоҷик дар ин замина равона гардида буд. Воқеан ҳам баҳри пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеаи навин саҳми арзандаи фарзандони фарзона, қавиирода ва матини кишварамон бениҳоят бузург аст. Махсусан, дар даврони даргириҳои сиёсӣ, нооромӣ, беадолатӣ, ноустуворӣ, ки хатари нестшавии давлату миллати тоҷикро дар харитаи сиёсии ҷаҳон таҳдид менамуд, хизмати волло, қадами устувор, ҷасурӣ, мардонагӣ ва ҳамдиливу ҳаммаромии Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобили ёдоварист. Зеро ин шахсияти бузург тавонист дар муддати начандон тӯлонӣ мамлакати ҷангзада, халқи азиятшуда ва миллати парокандаи тоҷикро аз нав муттаҳид намуда, соҳиби давлат, хонаву манзил, шаъну шараф ва сулҳу ваҳдати комил намояд.
Боиси ифтихор аст, ки дар Тоҷикистони азиз пеш аз ҳама Истиқлолияти комил, тинҷиву оромӣ, сулҳу ваҳдат ва фазои осоишта ҳукмфармо аст. Зери ливои парафшони ин Ватан мо ҷавонон дар ҳама соҳаҳои мухталифи ҷомеа кору фаъолият намуда, дар пешрафту шукуфоӣ ва тинҷиву осудагии он саҳми босазои худро гузошта истодаем.
Чун ба сафҳаҳои таърихӣ назар меафканем ҳамоно пеши чашмон фазои торик, нооромӣ, ноосудагӣ, бедолатии бархе аз афроди сиёҳдили ҷомеа, ки дар пешрафту пойдории сулҳу ваҳдати кишвар мухолиф буданд вонамуд гардида, ҳамоно эҳсоси сангин дар қалби насли имрӯз ва фардо нисбати амалҳои нопоки эшон пайдо мегардад. Рӯ овардан ба таъриху фарҳанг, арзишҳои маънавӣ, муқаддасоти миллӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар маҷмӯъ ҳифзу нигаҳдошти ганҷҳои нодири ин Ватан қарзи ҳар як фарди солим ва бошуури мамлакат буда, ин мафҳумҳо дар сафҳаи навини таърих ҳамчун оинаи дурахшон намудор мегардад. Бояд қайд намуд, ки он ҳама талошҳо, заҳматҳо ва кӯшишу ғайрати бепоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат баҳри бунёди ҷомеаи мутамаддин ва комилҳуқуқи демократӣ, ки ҳамоно дар он адолат, эҳтироми озодии инсон ба чашм мерасад, беҳуда набуда имрӯз дар фазои хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ сулҳу оромӣ пойдор аст.
Маҳз ғамхориҳо, ҷонисориҳо ва хидмати мардонавори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз миллати тоҷикро дар арсаи байалмилалӣ ҳамчун миллати соҳибмулк мешиносанду эҳтиром менамоянд. Чун тариқи оинаи нилгун аз даврони ноосудагии кишвар мушоҳида менамоем, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба сари ҳокимият омаданаш то имрӯз ҳамвора ҳамдилу ҳамроз ва ҳамнафаси халқи азизи худ гардида, кӯшиш намуда истодаанд, ки то нафаси охирин дар хидмати мардуми сарбаланди хеш камари ҳиммат банданд.
Бунёдгар, созанда, ғамхор, ки ҳамвора тамоми талоши худро дар роҳи озодиву ободии ин халқу миллат равона намудаанд, яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ буда, ҳамоно ин матонату инсондӯстӣ дар замири поки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудор аст.
Имрӯз пиру барно шукрона аз он менамоянд, ки чунин Сарвари маҳбуб ва падари матину ғамхор болои сари миллати тоҷик Роҳбар аст. Корнамоӣ, шуҷоӣ, шарафмандӣ ҳамоно аз бузургии ин шахсият гувоҳӣ медиҳад:
Ватанеро, ки Сарвараш нур аст,
Халқаш аз мавҷи нур масрур аст.
Тинаташ аз ғараз басо дур аст,
Тоҷикистон ба ном-ш машҳур аст.
Сад шукр дар ин сарзамин меҳнати ҳамагон як ҳадаф дорад, ки он танҳо бунёдкорист. Мо ҷавонон низ дар ҳадафи пешакардаи Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворона қадам ниҳода, саъю кӯшиш менамоем то имрӯзу фардои кишвари бо ҷону дил азизамон, ки ҳамвора Тоҷикистон аст, чун гавҳараки чашм ободу ҳифз намуда дар осудагию оромии халқи азизамон саҳмгузор бошем.
Бо азму иродаи қавӣ сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда бо матонату якдилӣ ботантана ваъда медиҳем, ки мо ҷавонон пайравони Пешвои миллат буда, дар роҳи осоиштагии кишвар устуворона қадам ниҳода, номбардори ватани маҳбубамон Тоҷикистон хоҳем буд.
Пешво бар миллати мо Сарвар аст,
Азми мо ободии ин кишвар аст.

Марҷонаи Амон, муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва забонҳои МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД, лейтенанти калони милитсия,
Шарифзода Муҳаммад, Ҷаҳонгирзода Ҷ., курсантони МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...