Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавқеи ҳуқуқии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар муносибатҳои иҷтимоӣ

4124Мавқъеи ҳуқуқии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ин пеш аз ҳама аз мафҳуми худи милитсия оғоз ва асос мегирад. Мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” - милитсия ин мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтишот буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат намуда, ҳуқуқ дорад чораҳои маҷбурии дар доираи қонуни дар боло зикр гардида ва дигар қонунҳои соҳавӣ пешбинигардидаро ба кор барад.
Ба хизмати милитсия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон аз 20 сола кам ва аз 35 сола зиёд намебошад, сарфи назар аз ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, ки аз рӯи сифатҳои шахсӣ, ахлоқӣ, кордонӣ, таҳсилот, донистани забони давлатӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва вазъи саломатӣ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаи милитсия вогузоршуда мебароянд, баъди адои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват (ба истиснои курсантҳои муассисаҳои таълимии миёна ва олии Вазорати корҳои дохилӣ) дар асоси ихтиёрӣ қабул карда мешаванд.
Ба сифати корманди мақомоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамояд, ки дар мансаби ҳайати қаторӣ ё роҳбарикунанда фаъолият карда, ба ӯ мутобиқи тартиботи муқарраршуда рутбаи корманди қаторӣ ва ё роҳбарикунанда дода шудааст.
Ҳангоми ба охир расидани мӯҳлати хизматӣ дар мақомоти милитсия рутбаҳои махсуси мавҷуда баробар бо дигар рутбаҳои махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд. Рутбаҳои махсуси ҳайати фармондиҳии милитсия якумра мебошанд, ки дар вақти ба охир расидани хизмат ба рутбаҳои махсуси мавҷуда ибораи «дар истеъфо» илова карда мешавад.
Рутбаҳои махсуси кормандони милитсия аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Тартиби додани рутбаҳои махсуси кормандони милитсия дар Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муқаррар карда мешавад.
Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти милитсия афзалиятҳои зиёде дода шудаанд.
Масалан ҳимояи ҳуқуқии кормандони милитсия дар он зоҳир мегардад, ки онҳо намояндаи ҳокимияти давлатии иҷроия буда, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Корманди милитсия ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ шахси дахлнопазир мебошад. Сӯиқасд дар ҳама гуна шаклҳояш ба корманди милитсия боиси фавран гирифтани роҳи чунин амалҳо тавассути воситаю усулҳое мегардад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” ва дигар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба милитсия иҷозат медиҳад, инчунин дигар амалҳое, ки барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи милитсия гузошташуда монеъ мешаванд, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
Кормандони милитсия либоси ягонаи расмӣ доранд, ки он ройгон дода мешавад. Намунаҳои он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Ба кормандони милитсия шаҳодатномаҳои хизматӣ, ки намунаашон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст ва нишонаҳои махсус (жетонҳо) бо рақами шахсӣ дода мешаванд.
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” - корманди милитсия ҳуқуқ дорад, ки аз воситаҳои махсуси дар ихтиёри милитсия буда дар мавридҳои зерин истифода барад:
1) барои бартараф намудани ҳамла ба шаҳрвандон ва корманди милитсия;
2) барои пешгирӣ кардани муқобилияти зидди корманди милитсия;
3) барои боздошти шахс ҳангоми содир кардани ҷинояти ба ҳаёт, саломатӣ ва моликият таҳдидкунанда ва мақсади гурехтан дошта;
4) барои боздошти шахсоне, ки метавонанд муқобилияти мусаллаҳона нишон диҳанд ва дар ин бобат асосҳои мӯътамад ҳаст;
5) барои ба милитсия овардани шахсони дастгиршуда, посбонӣ ва нигаҳдории дастгиршудагон, ҳамчунин шахсони ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда ва маҳкумгардида, ҳангоми гумонбар шудан, ки рафтори онҳо барои гурехтан, ба атрофиён ва ё ба худ зарар расонидан асос шуда метавонад ва ё ба корманди милитсия муқобилият нишон медиҳанд;
6) барои зада гардонидани ҳуҷум ба бино, иморат, иншоот ва воситаҳои нақлиёте, ки ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаю ташкилот тааллуқ доранд, барои озод кардани шахсон, истиқоматгоҳ, бино, иморат, иншоот, воситаҳои нақлиёт ва қитъаи замине, ки аз тарафи шахсони ҷинояткор бо зӯрӣ тасарруф шудаанд;
7) барои пешгирӣ кардани бетартибиҳои оммавӣ ва ҳаракати гурӯҳҳо, ки кори нақлиёт, алоқа ва ташкилотҳоро халалдор мекунанд;
8) барои нигоҳ доштани воситаи нақлиёт, ки ронандааш талаби корманди милитсияро иҷро намекунад;
9) барои ошкор кардани шахсони ҷиноятсодиркунанда ва ё содиркарда.
Ба сифати воситаҳои махсус истифодашаванда дохил мешаванд:
- дастаҳои резинӣ - дар мавридҳои зерин истифода мебарад:
а) барои бартараф намудани ҳамла ба шаҳрвандон ва корманди милитсия;
б) барои пешгирӣ кардани муқобилияти зидди корманди милитсия;
в) барои пешгирӣ кардани бетартибиҳои оммавӣ ва ҳаракати гурӯҳҳо, ки кори нақлиёт, алоқа ва ташкилотҳоро халалдор мекунанд;
- гази ашковар - дар мавридҳои зерин истифода мебарад:
а) барои бартараф намудани ҳамла ба шаҳрвандон ва корманди милитсия;
б) барои пешгирӣ кардани муқобилияти зидди корманди милитсия;
в) барои боздошти шахсоне, ки метавонанд муқобилияти мусаллаҳона нишон диҳанд ва дар ин бобат асосҳои мӯътамад ҳаст;
г) барои зада гардонидани ҳуҷум ба бино, иморат, иншоот ва воситаҳои нақлиёте, ки ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаю ташкилот тааллуқ доранд, барои озод кардани шахсон, истиқоматгоҳ, бино, иморат, иншоот, воситаҳои нақлиёт ва қитъаи замине, ки аз тарафи шахсони ҷинояткор бо зӯрӣ тасарруф шудаанд;
ғ) барои пешгирӣ кардани бетартибиҳои оммавӣ ва ҳаракати гурӯҳҳо, ки кори нақлиёт, алоқа ва ташкилотҳоро халалдор мекунанд;
- дастбанд-дар бандҳои 2, 3, 4 ва 5 қисми якуми моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия”. Дар мавриди набудани дастбанд корманди милитсия ҳуқуқ дорад, ки воситаҳои зердастро барои бастан истифода намояд:
а) барои пешгирӣ кардани муқобилияти зидди корманди милитсия;
б) барои боздошти шахс ҳангоми содир кардани ҷинояти ба ҳаёт, саломатӣ ва моликият таҳдидкунанда ва мақсади гурехтан дошта;
в) барои боздошти шахсоне, ки метавонанд муқобилияти мусаллаҳона нишон диҳанд ва дар ин бобат асосҳои мӯътамад ҳаст;
г) барои ба милитсия овардани шахсони дастгиршуда, посбонӣ ва нигаҳдории дастгиршудагон, ҳамчунин шахсони ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда ва маҳкумгардида, ҳангоми гумонбар шудан, ки рафтори онҳо барои гурехтан, ба атрофиён ва ё ба худ зарар расонидан асос шуда метавонад ва ё ба корманди милитсия муқобилият нишон медиҳанд;
- воситаҳои таъсирбахш ҷалбкунандаи равшанӣ-дар мавридҳои дар бандҳои 4, 6 ва 7 қисми якуми моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” воситаҳои манъкунандаи нақлиёт - дар мавридҳои дар банди 8 қисми якуми моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия”;
а) барои боздошти шахсоне, ки метавонанд муқобилияти мусаллаҳона нишон диҳанд ва дар ин бобат асосҳои мӯътамад ҳаст;
б) барои зада гардонидани ҳуҷум ба бино, иморат, иншоот ва воситаҳои нақлиёте, ки ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаю ташкилот тааллуқ доранд, барои озод кардани шахсон, истиқоматгоҳ, бино, иморат, иншоот, воситаҳои нақлиёт ва қитъаи замине, ки аз тарафи шахсони ҷинояткор бо зӯрӣ тасарруф шудаанд;
в) барои пешгирӣ кардани бетартибиҳои оммавӣ ва ҳаракати гурӯҳҳо, ки кори нақлиёт, алоқа ва ташкилотҳоро халалдор мекунанд;
- обпошак ва мошинҳои зиреҳпӯш-дар мавридҳои дар бандҳои 4, 6 ва 7 қисми якуми моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия”, фақат бо дастури сардори мақомоти корҳои дохилӣ бо хабардор кардани прокурор дар давоми 24 соат баъд аз истифодабарӣ;
а) барои боздошти шахсоне, ки метавонанд муқобилияти мусаллаҳона нишон диҳанд ва дар ин бобат асосҳои мӯътамад ҳаст;
б) барои зада гардонидани ҳуҷум ба бино, иморат, иншоот ва воситаҳои нақлиёте, ки ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаю ташкилот тааллуқ доранд, барои озод кардани шахсон, истиқоматгоҳ, бино, иморат, иншоот, воситаҳои нақлиёт ва қитъаи замине, ки аз тарафи шахсони ҷинояткор бо зӯрӣ тасарруф шудаанд;
в) барои пешгирӣ кардани бетартибиҳои оммавӣ ва ҳаракати гурӯҳҳо, ки кори нақлиёт, алоқа ва ташкилотҳоро халалдор мекунанд;
- сагҳои хизматӣ-дар мавридҳои дар бандҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7 ва 9 қисми якуми моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия”;
а) барои бартараф намудани ҳамла ба шаҳрвандон ва корманди милитсия;
б) барои пешгирӣ кардани муқобилияти зидди корманди милитсия;
в) барои боздошти шахс ҳангоми содир кардани ҷинояти ба ҳаёт, саломатӣ ва моликият таҳдидкунанда ва мақсади гурехтан дошта;
г) барои боздошти шахсоне, ки метавонанд муқобилияти мусаллаҳона нишон диҳанд ва дар ин бобат асосҳои мӯътамад ҳаст;
ғ) барои ба милитсия овардани шахсони дастгиршуда, посбонӣ ва нигаҳдории дастгиршудагон, ҳамчунин шахсони ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда ва маҳкумгардида, ҳангоми гумонбар шудан, ки рафтори онҳо барои гурехтан, ба атрофиён ва ё ба худ зарар расонидан асос шуда метавонад ва ё ба корманди милитсия муқобилият нишон медиҳанд;
д) барои зада гардонидани ҳуҷум ба бино, иморат, иншоот ва воситаҳои нақлиёте, ки ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаю ташкилот тааллуқ доранд, барои озод кардани шахсон, истиқоматгоҳ, бино, иморат, иншоот, воситаҳои нақлиёт ва қитъаи замине, ки аз тарафи шахсони ҷинояткор бо зӯрӣ тасарруф шудаанд;
е) барои пешгирӣ кардани бетартибиҳои оммавӣ ва ҳаракати гурӯҳҳо, ки кори нақлиёт, алоқа ва ташкилотҳоро халалдор мекунанд;
ё) барои ошкор кардани шахсони ҷиноятсодиркунанда ва ё содиркарда.
- дастгоҳҳои барқӣ (электрошоки) - дар мавридҳои дар бандҳои 1, 2, 3, 4 ва 7 қисми якуми моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия”;
а) барои бартараф намудани ҳамла ба шаҳрвандон ва корманди милитсия;
б) барои пешгирӣ кардани муқобилияти зидди корманди милитсия;
в) барои боздошти шахс ҳангоми содир кардани ҷинояти ба ҳаёт, саломатӣ ва моликият таҳдидкунанда ва мақсади гурехтан дошта;
г) барои боздошти шахсоне, ки метавонанд муқобилияти мусаллаҳона нишон диҳанд ва дар ин бобат асосҳои мӯътамад ҳаст;
ғ) барои пешгирӣ кардани бетартибиҳои оммавӣ ва ҳаракати гурӯҳҳо, ки кори нақлиёт, алоқа ва ташкилотҳоро халалдор мекунанд;
- воситаҳои вайронкунандаи монеаҳо - дар мавридҳои дар бандҳои 6 ва 7 қисми якуми моддаи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия”;
а) барои зада гардонидани ҳуҷум ба бино, иморат, иншоот ва воситаҳои нақлиёте, ки ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаю ташкилот тааллуқ доранд, барои озод кардани шахсон, истиқоматгоҳ, бино, иморат, иншоот, воситаҳои нақлиёт ва қитъаи замине, ки аз тарафи шахсони ҷинояткор бо зӯрӣ тасарруф шудаанд;
б) барои пешгирӣ кардани бетартибиҳои оммавӣ ва ҳаракати гурӯҳҳо, ки кори нақлиёт, алоқа ва ташкилотҳоро халалдор мекунанд;
- воситаҳои махсуси рангкунанда - дар мавридҳои дар бандҳои 3, 7 ва 9 қисми якуми моддаи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия”;
а) барои боздошти шахс ҳангоми содир кардани ҷинояти ба ҳаёт, саломатӣ ва моликият таҳдидкунанда ва мақсади гурехтан дошта;
б) барои пешгирӣ кардани бетартибиҳои оммавӣ ва ҳаракати гурӯҳҳо, ки кори нақлиёт, алоқа ва ташкилотҳоро халалдор мекунанд;
в) барои ошкор кардани шахсони ҷиноятсодиркунанда ва ё содиркарда.
- аспҳо - дар мавридҳои дар бандҳои 3 ва 7 қисми якуми моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия”
а) барои боздошти шахс ҳангоми содир кардани ҷинояти ба ҳаёт, саломатӣ ва моликият таҳдидкунанда ва мақсади гурехтан дошта;
б) барои пешгирӣ кардани бетартибиҳои оммавӣ ва ҳаракати гурӯҳҳо, ки кори нақлиёт, алоқа ва ташкилотҳоро халалдор мекунанд;
- тирҳои резинӣ - дар мавридҳои дар бандҳои 1, 2, 3 ва 7 қисми якуми моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия”
а) барои бартараф намудани ҳамла ба шаҳрвандон ва корманди милитсия;
б) барои пешгирӣ кардани муқобилияти зидди корманди милитсия;
в) барои боздошти шахс ҳангоми содир кардани ҷинояти ба ҳаёт, саломатӣ ва моликият таҳдидкунанда ва мақсади гурехтан дошта;
г) барои пешгирӣ кардани бетартибиҳои оммавӣ ва ҳаракати гурӯҳҳо, ки кори нақлиёт, алоқа ва ташкилотҳоро халалдор мекунанд
Ба ҷуз инҳо ҳамаи намуди воситаҳои махсус дар мавридҳои дар қисми якуми моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” пешбинишуда метавонанд истифода шаванд.
Агар корманди милитсия чунин шуморад, ки дар вазъияти ба амаломада барои истифодаи силоҳи оташфишон асосҳои мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” пешбинигардида ба миён омада метавонанд, ҳуқуқи аз ғилоф гирифта омода намудани онро дорад.
Кӯшишҳои шахси аз ҷониби корманди милитсия дастгиршаванда рӯирост бо силоҳи оташфишон ё сард ё предмете, ки бо ёрии он зарари ҷисмонӣ расонидан мумкин аст, барои ба ӯ наздик шудан ва зимнан кӯтоҳ намудани масофаи аз ҷониби корманди милитсия муқарраркардашуда, инчунин кӯшиши силоҳи корманди милитсияро ба даст овардан ё содир намудани амалҳои ногаҳонӣ ва ё дигар ҳаракатҳои хавфнок ё бе иҷозати корманди милитсия гирифтани ягон предмет аз либоси худ, ки чунин ҳаракатҳо мумкин аст аз ҷониби корманди милитсия чун таҳдиди зӯроварӣ фаҳмида шаванд, ба корманди милитсия ҳуқуқ медиҳанд, ки мувофиқи сархати дуюми қисми дуюми моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” силоҳро истифода барад.
Шукуров Н.И, курсанти курси 2 гурӯҳи 201 факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...