Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи милитсияи тоҷик ва давраҳои таърихии ташаккулёбии он
Рӯзи 9-уми ноябри соли 2020, дар толори маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таъсисёбии милитсияи тоҷик конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Милитсия тоҷик ва давраҳои таърихии ташаккулёбии он» баргузор гардид.
Ҷамъомадро сардори факултети №4, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш. ҳусни оғоз бахшид. Сардори факултет ҳайати шахсиро бо таъсисёбии милитсияи тоҷик табрик намуда, доир ба фаъолияти милитсия маълумоти мухтасар дод.
Дар ҷамъомади тантанавӣ, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия Хокироев А.Ю. дар мавзӯи «Аз таърихи милитсияи тоҷик» баромад намуда, маълумотҳои ҷолибро аз таърихи таъсисёбӣ, рушду такомул ва дастовардҳои милитсияи тоҷик дар давраи Истиқлолият манзури ҳозирин намуд, инчунин муаллимаи калони кафедра» Олимӣ Ҳ., дар мавзӯи «Исторические предпосылки становления органов милиции в Северном Таджикистане» баромад намуда, аз тарафи курсантони курси якум шеърҳои нобу дилнишин дар васфи милитсия қироат карда шуданд.
Сардори факултети №4-и Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш., чорабиниро ҳусни анҷом бахшид.
Аҳмадзода Х.З., сардори кабинети кафедраи фанҳои ҷамъиятии Факултети №4 Академияи ВКД, лейтенанти милитсия