Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили дарсҳои амалии Академияи ВКД вобаста ба «Соли омӯзиши Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

434

Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ оид ба эълон намудани «Соли омӯзиши Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар Академияи ВКД барои ба ҳолати воқеӣ наздик намудани раванди таълим дар факултети №6 як қатор чорабинихо бо Хадамоти кинологии Вазорати корхои дохилӣ ба нақша гирифта шуда, онҳо бо курсантон амалӣ гардонида шуда истодаанд.

Аз ҷумла, мувофиқи нақшаи мавзӯъҳои фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва криминалистика дарси амалӣ вобаста ба «Истифодаи сагҳои хизматӣ ва дигар воситаҳо дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» аз ҷониби сардори кафедраи ташкили тактикаи ФОҶ подполковники милитсия Ахтамшозода С., муаллими калони ҳамин кафедра подполковники милитсия Ҳасанзода Н. бо ширкати бевоситаи кормандони Хадамоти кинологии Вазорати корҳои дохилӣ ташкил ва гузаронида шуд.

435436

Барои курсантони факултети №2 ва факултети №6 Академия, ки вобаста ба ин барои гузаронидани дарси амалӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи кинология аз ротаи сапёрӣ-кинологии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия Одиназода Ш., муҳандис-таркишгари калон капитани милитсия Ҳакимов Д., ва муҳандис-кинологи сержанти милитсия Ғоибзода М., ки дар ҳудуди Академия бо иштироки курсантон дарси амалӣ бо истифодаи сагҳои хизматӣ дар сатҳи баланд, бо машқҳои дарёфт намудани воситаҳои таркиш, силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ гузаронида шуд, ки курсантон ба он мароқи калон зоҳир намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки чунин чорабиниҳои дар дигар факултетҳо низ амалӣ шуда истодаанд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...