Таҷлили «Рӯзи Президент» дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ
Санаи 16-уми ноябри соли 2020 дар Академияи ВКД бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, мизи мудаввар дар мавзӯи «Садоқат ба Президент - садоқат ба Ватан», бахшида ба «Рӯзи Президент» баргузор гардид.
Семинари илмӣ-назариявиро бо сухани муқаддимавӣ роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳ намуда, бо Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳозиринро табрик намуданд.
Дар кори мизи мудаввар, олимону донишмандон, коршиносони соҳа, омӯзгорон ва курсантони аъзои Ҷамъияти илмии «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ» фаъолона ширкат намуда, дар мавзӯъҳои мухталифи илмӣ маърӯзаҳо намуданд. Аз ҷумла, суханронии Равшаналиев Ф. Р. - раиси Шӯрои олимони Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Президент кафили сулҳу суботи кишвар»., Раҳмонзода А. -Муовини аввали директори Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, н.и.т., дар мавзӯи «Роҳи интихобнамудаи Пешвои миллат»., Саидзода З.А. - муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия дар мавзӯи «Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои стратегии ӯ»., Муҳаммад С. А. сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.с., дотсент, подполковники милитсия, дар мавзӯи«Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои стратегии ӯ».,Самиъзода Б.С.–дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Пешвои муаззами миллат, бунёдгузори давлатдории навин»., Расулзод Л.Х.- муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, капитани милитсия, дар мавзӯи «Нақши шахсият дар ташаккули давлатдории миллӣ»., Ҳалимзода Д.О. – муаллими кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, дар мавзӯи «Президент эҳёкунандаи тамаддуни қадиму навини миллати тоҷик»., Инчунин аъзоёни ЧИК «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ» Холиқов Б. – курсанти курси 2-юми факултети №2 Академияи ВКД, дар мавзӯи «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат»., Раҳимов М.- курсанти курси з-юми факултети №6 Академияи ВКД, дар мавзӯи «Нақши лидери сиёсӣ дар бунёди давлатдорӣ»., Қироати шеър, аз ҷониби курсанти курси 3-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷононаи Зикрулло дар васфи Пешвои миллат, сурат гирифт.
Сухани хотимавиро бошад муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. анҷом дода, аз ҷумла зикр намуд, ки имрӯз миллати соҳибназари тоҷик ва тоҷикистониён гуфта метавонанд, ки дар таҳкими Истиқлолият ва бунёди давлатдории миллӣ, нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи асосиро соҳиб мебошад.
Шахсе, ки дар марҳилаи мураккабтарини таърихи давлату миллат масъулияти сарварии кишварро ҷасурона ба даст гирифт ва бо талошу иродаи бемисли худ боиси наҷоти киштии шикастаи давлатдории тоҷикон шуд. Дар натиҷа Тоҷикистон на танҳо ҳамчун давлат наҷот ёфт, балки ба як силсила дастоварди бунёдие, ки барои сарнавишти давлату миллати мо аҳамияти бисёр муҳим доранд, соҳиб гардидааст. Дар ин асос метавон дарёфт, ки сабаби эҳтироми амиқ ва эътимоди устувори мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллати худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чист.
Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте масъулияти зимомдориро бар уҳда гирифтанд, ки кишвар дар оташи ҷанг месӯхт ва ба гирдоби нобудӣ фуру мерафт.
Хушбахтона, бо заҳмат ва талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва умуман мардуми меҳнатдӯст ва сарбаланди тоҷик, ин вазифаи таърихӣ иҷро гашта, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Маҳз яке аз масъалаҳое, ки барои мондагории чеҳраи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ раҳмон дар таърихи халқи тоҷик мусоидат намудааст, ҳамин омил мебошад. Зеро баъди ҳазор сол имконияти таърихӣ ба вуҷуд омад, ки тоҷикон бо номи миллати хеш давлати миллиро бунёд намоянд. Бинобар ин Тоҷикистони тозаистиқлол агар дар натиҷаи буҳрони сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ давлати миллии худро аз даст медод, ҳеҷ гоҳ насли имрӯзу ояндаи ин миллату давлат моро намебахшид.
Инчунин зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист, ки мустақилона тамомияти арзии хешро ҳифз намуда, умедвории ояндаро дар зеҳни шаҳрвандони кишвар ба вуҷуд оварад. Ҳамзамон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ системаи фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро мукаммал, барқарор ва бунёд намуд.
Зикр намуданд, ки мо, кормандони МКД ва ҳар соҳибватане, ки нисбат ба имрӯзу фардои ватанаш бетараф нест, ҳар шаҳрванде, ки ба тақдири ватанаш бе тафовут нест, ҳар як тоҷике, ки миллати хешро дӯст медорад ва ҳар падару модаре, ки ояндаи фарзандони худро дар Тоҷикистони озод, обод ва осоиштаю рушдкарда дидан мехоҳад, посдори ин амалҳои созанда, сабақомӯз ва ибратбахш бояд бошем.
Вобаста ба амалишавии қарор ва натиҷаҳои кори мизи мудаввар бошад, қайд гардид, ки маърӯза ва пешниҳодоти ироагардидаро зарур аст, ки тавассути маҷаллаи илмии Осори Академия, ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», нашрияи «Набзи милитсия», васоити техникӣ-ахборӣ дарҷ намуда, дар раванди таълим васеъ истифода бурда шаванд.
Самиъзода Б.С., подполковники милитсия.