Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатми шунавандагони курси такмили ихтисос дар самти Бозрасии давлатии автомобилӣ

422

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ироа намудаанд: «Кормандони милитсия, пеш аз ҳама, бояд интизоми оҳанин, савияи баланди касбӣ, маърифати баланди шаҳрвандӣ ва эҳсоси нерӯмандӣ, ватандӯстӣн дошта бошанд, меъёрҳои қонуну тартиботро хуб донанд ва риоя намоянд».

Санаи 13-уми ноябри соли 2020 маросими супоридани шаҳодатнома ба шунавандагои курси такмили ихтисос дар самти Бозрасии давлатии автомобилии ШВКД ва РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аз тарафи сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш., 10 нафар шунавандагонро зимни таҳсил дар ин курсҳо аз тағйироту иловаҳо ба санадҳои ҳуқуқӣ фармонҳои навсодиршудаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ, реҷаи махфӣ, фаъолияти оперативии ҷустуҷӯи, назорати прокурорӣ, этика ва психологияи касбӣ ва барои гирифтани шаҳодатномаи курси такмили ихтисос табрик намуда, изҳор кард, ки дар оянда барои давлату миллати худ бо як масъулияти баланди ватандӯсти кору фаъолияти хешро давом диҳанд, чунки нақлиёти автомобилӣ дар миёни дигар намудҳои нақлиёт яке аз ҷойҳои асосиро ишғол мекунад. Он барои хоҷагии халқи мамлакатамон аҳамияти бебаҳо дорад. Зиёд шудани шумораи нақлиёти автомобилӣ дар Тоҷикистон масъалаи ҷо ба ҷо кардан, хизматрасонии техникӣ ва аз ҳама муҳимаш, таъмин намудани бехатарии нақлиётро дар роҳҳо ба миён мегузорад. Нақши асосиро дар ҳалли ин масоил милитсияи тоҷик, аз ҷумла Бозрасии давлатии автомобилӣ мегузорад.
Дар ҷавоб шунавандагони такмили ихтисос саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки танзимгари ҳақиқии ҳаракати нақлиёт бошанд, баҳри бемамоният рафтуо кардани одамону маҳсулоти хоҷагии халқ мусоидат намоянд, бо иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ хушмуомила бошанд ва теъдоди ҳодисаҳои роҳу нақлиётро коҳиш дода, бехатарии ҳаракати онҳоро бевосита таъмин ва бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ ба Сарвари давлат ва халқу миллати худ хизмат намоянд.
Баҳодурзода М., муаллимаи калони кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, капитани милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...