Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии идона бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

419

Рӯзи 16-уми ноябри соли 2020 дар майдони сафороии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии идона баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент полковники милитсия Одиназода Абдуғаффор Шер ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи ҳозиринро бо ин рӯйдоди воқеан таърихӣ табрик карда, доир ба таҷлил гардидани «Рӯзи Президент» маърӯза намуд. Ӯ дар баромади худ қайд кард, ки санаи 16-уми апрели соли 2016 ба Парлумони кишвар тағйирот ворид карда шуд, ки аз он рӯз то инҷониб 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шудааст.
Сипас, сухани навбатӣ дар мавзӯи «16-уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба сардори кабинети кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ лейтенанти милитсия Муроди Баҳодур Азимзода, дода шуд.
Мавсуф зимни маърӯзаи худ қайд кард, ки бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» пазируфта шудааст.

420

Зимни баромади худ, лейтенанти милитсия Муроди Б.А., қайд намуд, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки ба андешаи ман барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад, зеро чӣ тавре ки мо огаҳӣ дорем аз ҷониби Кумитаи Академияи Шӯрои Аврупо Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори ҷоизаи «Пешвои асри XXI» гардид.

Пешвои миллати мо содиқи ин миллат аст,
Мо ҷавонон пайрави ин Пешвои миллатем!
Дар анҷоми чорабинӣ сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Одиназода А.Ш., чорабиниро ҷамъбаст намуда, ҳозиринро бо «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яке онҳо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштсози Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно намуд.

421

Инчунин ҳайати шахсӣ ва тағйирёбандаи факултет бо марши тантанавӣ қадамзанон ба чорабини мазкур хотима бахшиданд.
Хонкилдиев Азизҷон Баҳодурович, корманд-мутахассиси кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...