Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Пешвои миллат рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва осудагии ҷавонон»

416

Таҳти ҳамин ном санаи 14-уми ноябри соли 2020 дар толори фарҳангии Академияи ВКД бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, намояндагони муассисаҳои олии таълимӣ, миёнаи касбии шаҳри Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Кори конференсияро сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод Абдулфатоҳ ифитоҳ намуд ва Суруди Миллии Тоҷикистон садо дод.
Раҳимзода Шоҳзод Абдулфатоҳ аз таҷлили «Рӯзи Президент» ёдовар шуда, ба талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии ҳамешагии ҷавонон изҳори сипос намуд.
Сипас намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Р., муовини сардори Академии ВКД Собирзода А., сардори Раёсати тарбияи ДДМИТ Давлатзода Абдулло, муаллими калони Академияи ВКД Қодирзода Г., намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Собирзода А., мудири кафедраи менеҷменти ДДМИТ Ҳоҷазода Д., муаллими Академияи ВКД Ҷалолзода С. бо маърӯзаҳои муфассали илмӣ дар бораи фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуданд, ки диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.

417

Дар фарҷом фаъолони ҷамъиятӣ бо Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...