Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи кушоди варзишӣ дар Академияи ВКД

409

Санаи 7-уми ноябри соли 2020 мусобиқаи кушоди варзишии шаҳри Душанбе дар толори варзишии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Самбои муҳорибавӣ» бахшида ба таҷлили “Рӯзи милитсияи Тоҷикистон”, таҳти шиори «Муборизаи дастаҷамъона бар зиддӣ нашъамандӣ» баргузор гардид. Намоиши варзиширо бо сухани муқаддимавӣ сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. кушода, ҳозиринро хайрамақдам гуфт.
Дар мусобиқаи мазкур устодони варзидаи соҳаи варзиш ба монанди роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи камарбанди сиёҳ «Дан 4», устоди варзиш оид ба “Ай-ки-до” Абдулмуъмин Давлатов, раиси Федератсияи Иайдзютсу ва Айкидои муҳорибавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи камарбанди сиёҳ «Дан -3» Шарипов Абдулазиз, раиси Федератсияи Карате-киёкшинкай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Устоди «Шихан» Ҳикмат Кароматов, раиси Федератсияи студияи «Новая Эра» Азиза Қаюмова, дорандаи Гран-при фестивали байналмилалии «Роза Востока», раиси Федератсияи муҳориботи муҳорибаи омехта дар шаҳри Ваҳдат Ҳоҷизода Фаррух, устоди варзиш оид ба карате-киёкшинкай дорандаи камарбанди сиёҳ довари байналмилалӣ Ҳабибзода Ҳомидҷон иштирок намуданд.
Иштироки дастаи тими яккачини курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии чемпиони секаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи камарбанди сиёҳ «дан-1» доир ба Айкидои муҳорибавӣ мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Сураҷи Фирдавс, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тхэквандо дорандаи камарбанди сиёҳ «дан-2» ҷоизадори медали тиллои мусобиқаи Осиё оид ба карате шотокан Қудратов Дилшод баргузор гардид.

410411412

Дар мусобиқаи мазкур беш аз 80 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Дастаи тими яккачини курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии устоди варзиши шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Сураҷи Фирдавс иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., Сафарова С.Н.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...