Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолият неъмати бебаҳо!

408

Воқеан ҳамин тавр ҳаст вақте, ки саҳифаҳои таърихро варақгардон мекунем мебинем, ки дар ҷаҳон халқе нест, ки баҳри ба даст овардани истиқлолияти худ талошу ҷонбозиҳо накарда бошад.
Халқи тоҷик ҳам дар тӯли ҳазорсолаҳои мавҷудияти худ баҳри ба даст овардани истиқлолият аз асорати аҷнабиён баъди барҳам хӯрдани давлатдории “Сомониён” ҷаҳду талошҳои бешумор кардааст ва баъди ин ҷонбозиҳо халқи баландқомату номдори тоҷик боз аз нав истиқлолият ба даст овард. Лекин ин истиқлолият баҳри халқи пуршарафи мо тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст, чунки баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ аз тарафи душманони хориҷӣ зулм ва фишор бар сари мардуми тоҷик равона гардид ва ҳамин тавр миллати тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта, қариб аз байн мебурданд.
Мардум бо ҳушёрӣ ва зиракии худ дар якҷоягӣ таҳти роҳбарии Сарвари оқилу доно Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона аз ин вартаи фалокат баромада, баҳри пойдорӣ ва мустаҳкамии ин истиқлолияти халқи тоҷик ҷаҳду талошҳои беназире намудаанд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин истиқлолиятро беҳуда дастоварди беназир ва ҷавҳари асосии миллат нагуфтааст.
Барои ҳамин мо ҳомиёни Ватанро зарур меояд, ки дар якҷоягӣ бо халқи сарбаланди худ барои ин истиқлолиятро ҳамеша пойдор ва уствор нигоҳ доштан, якдилона бо ҳам даст бо даст гирифта аз душманони хориҷу дохилии худ ҳифз намоем ва баҳри гулгул шукуфоии ин сарзамини беандоза меҳрубон ва аҷдодӣ ин давлату миллат ҷаҳду талош намоем ва нагузорем, ки ин неъмати бебаҳо бори дигар аз даст биравад.
Дар васфи ин истиқлолият ва озодӣ шоирону нависандагон чи қадар шеърҳо, мақолаҳо ва китобу асарҳои арзишманд навиштаанд. Ҳамин ҳаст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду вохӯриҳои худаш бо мардуми шариф, чӣ дар дохил ва берун аз марз, инчунин ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ гаштаю баргашта таъкид ва супориш медиҳанд, ки ин дастоварди бузургу бебаҳоро чун гаҳвараки чашм ҳифз намоем ва аз ҷон ҳам дида беҳтар донем.
407Шарифов З.Х., дотсенти кафедраи фанҳои махсуси МДТ Коллеҷи милитсияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
майори милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...