Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими савгандёдкунӣ дар Коллеҷи милитсия

405
Милитсия яке аз шоҳаҳои васеъ ва ифодакунандаи тартибу низом буда, аз таърихи пайдоиш то кунун дар ҳама самтҳои хизматӣ фаъолияти босамар ва пурмасъул дорад. Ҳифзи Ватан, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ, роҳ надодан ба қонуншиканӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, оромиш, эҳтироми арзишҳои милливу маънавӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид яке аз вазифаҳои муҳими ин сохтор буда, ҳамарӯза талош ва заҳмати кормандони ин мақомот дар ҳама соҳаҳои мухталифи ҷамъият ба чашм мерасанд.
Имрӯзҳо ҳазорон ҳазор ҷавонмардони шуҷоъи Ватан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда, қарзи ҷавонмардӣ, далерӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст надода, новобаста аз вазъу шароит бе монеа вазифаҳои пурмаҳсули хешро содиқона, иҷро намуда истодаанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарзи ҳар як фарзанди фарзона, оқил, далер ва шарафманди миллати тоҷик буда, ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи асосии тамоми кормандони сохторҳои қудратӣ ва бонизоми мамлакат ба шумор меравад.
Тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, лаёқатманд, нотарс дар ҳифзи тартибу низом, эҳтироми озодӣ ва риояи бечуну чарои Қонун ҳамчун арзиши воло, яке аз вазифаҳои муҳими кормандони мақомоти корҳои дохилӣ буда, заҳмат ва талошҳои бепоёни Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро басо бузург аст.
Дар даврони Истиқлолият бунёди як қатор иншоотҳои азим, муассисаҳои таълимӣ, толорҳои варзишӣ, хонаҳои истиқоматӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, инчунин ҳазорон ҳазор сохтмонҳои бешуморро метавон арзёбӣ намуд, ки сохта ба истифода дода шудаанд. Ин ҳама аз матонат, қудрат, назари некбинона ба ояндаи дурахшони миллати тоҷик аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.
Яке аз чунин муассисаҳои таълимӣ, ки бевосита зери дастгирӣ ва ғамхориҳои падаронаи Роҳбари мамлакат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб бунёд гардидааст, Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 2014 то инҷониб фаъолият намуда истодааст. Тӯли шаш соли фаъолият ин боргоҳ дар тайёр намудани кадрҳои соҳаи ҳуқуқӣ ва низомии кишвар камари ҳиммат баста, кӯшиш менамояд, ки дар рушду пешрафт, оромӣ ва сулҳу суботи ҷомеа саҳмгузор бошад. Дар Муассиса ҳайати шахсии доимӣ ва тағйирёбанда фаъолият менамоянд, ки ҳайати шахсии доимиро кормандон ва тағйирёбандаро курсантону рекрутон ташкил менамоянд.
Чун анъана ҳар сол дар Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ маросими савгандёдкунӣ ботантана гузаронида мешавад, ки дар он курсантони Муассиса савганд ёд мекунанд.
Санаи 7-уми ноябри соли 2020 дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии курсантони курси якум ва рекуртони курси сеюм бо иштироки васеи роҳбарият, меҳмонон ва кормандон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Мусозода Маҳмадалӣ, сардори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кулоб, полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинии мазкурро сардори Муассиса, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Умари Хайём Амиршо кушода эълон намуд.
Сипас, сухани табрикотӣ ба муовини сардори Раёсати кадрҳо, полковники милитсия Мусозода Маҳмадалӣ дода шуд. Зимни суханронӣ Мусозода Маҳмадалӣ сараввал миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал- полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар бунёд, фаъолият ва пешрафти чунин Муассиса дар шаҳри Кӯлоб расонида, ёдовар гардид, ки саҳми кадрҳои ин Муассиса дар ҳифзи Ватан, пешрафти ҳаёти мардум, оромии кишвар, сулҳу суботи ҷомеаи шаҳрвандӣ назаррас аст.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби меҳмонон суханони табрикотӣ шунида шуда, дар охир аз тарафи ҳайати шахсии доимӣ ва тағйирёбанда паради низомӣ гузаронида шуд.

406

Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби курсантони Муассиса якчанд намуд машқҳои ҷангӣ намоиш дода шуд.
Мо кормандони ин Муассиса кӯшиш менамоем, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ҳуқуқӣ саҳмгузор бошем, зеро хизмати содиқона, софдилона ва поквиҷдонона қарзи ҳар як ҷавонмарди шуҷоъи Ватан аст.
Муаллими калони кафедраи фанҳои
ҷамъиятӣ ва забонҳо, лейтеанти калони
милитсия Марҷонаи Амон,
Шарифзода М.,
Ҷаҳонгирзода Ҷ.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...