Ид муборак, ҳомиёни шуҷои Ватан!
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор муассисаҳои таълимиву хизматӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки имрӯз фаъолияти худро дар заминаи самтҳои мухталиф пеш бурда истодаанд.
Маҳз Истиқлолияти комил ва фазои сулҳу оромии кишвар аст, ки имрӯз ҳазорон ҳазор фарзандони шарафманди тоҷик дар Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда, ҳамчун муҳофизони фардои дурахшони Ватан баркамол расида истодаанд. Чун Қувваҳои мусаллаҳи Чумҳурии Тоҷикистон имрӯз як қатор сохторҳои низомӣ бо мақсади тайёр намудани мутахассисони воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъминоти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон фаъолият намуда, тартибу интизомро миёни аҳли ҷомеа таъмин намуда истодаанд. Дар даврони истиқлол дар кишвар қисми зиёди муассисаҳои давлатии ҳарбии низомӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ ба омӯзиш, хизмат ва баланд бардоштани маҳорату малакаи устувори ҳуқуқии шаҳрвандон, алалхусус насли ҷавон ҷалб гардида, дар таъмини амнияти шаҳрвандон саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.
Яке аз чунин муассисаҳо, ки пайваста дар таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи ҳуқуқӣ кору фаъолияти худро мунтаззам пеш бурда истодааст, ин Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб ба шумор меравад, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 534 аз 7 августи соли 2014 таъсис гардида, то кунун як қатор мутахассиони ҷавонро ба сохторҳои мухталифи ҳуқуқиву низомӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд, равона намуда истодааст.
Муассиси коллеҷ - Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар давраи аввал аз Маркази таълимии ВКД шаҳри Душанбе оғоз намуда, бо кушодашавии биноҳҳои нави таълимӣ ба шаҳри Кӯлоб интиқол дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсия ва аккредитатсия гузашта, сохторҳои он дар асоси талаботи Вазорати корҳои дохилӣ ва Оинномаи муассиса кору фаъолият намуда истодааст. Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Чумҳурии Тоҷикистон дорои муҳри мудаввар бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамғаҳо, бланкаҳо бо номи худ ба забони тоҷикӣ ва русӣ, эмблема, парчам, китоби фахрӣ, лавҳаи ифтихорӣ, лавҳаи аълочиён, рамз ва нишон табъу нашр гаридааст.
Дар Муассисаи мазкур ҳайати шахсӣ ба ду гурӯҳ: ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда ҷудо гардида, ҳайати доимиро кормандони Муассиса ва ҳайати тағийрёбандаро курсантону рекрутон ташкил менамоянд. Имрӯз теъдоди зиёди кормандони доимии Муассисаро ҳайати омӯзгорон ташкил менамоянд, ки бевосита дар таълиму тадрис ва тартибу интизоми ҳайати тағийрёбанда саҳмгузоранд. Дар Коллеҷ ду бинои нави таълимӣ, яке иборат аз чор ошёна ва дигаре аз ду ошёна, шуъбаҳо, кафедраҳо, зершуъба, синфхонаҳои таълимӣ, толорҳои ҷаласавӣ, майдончаи варзишӣ, хобгоҳ, ду ошхона ва як толори варзишӣ муҷаҳҳаз бо тамоми шароитҳои замони муосир ба истифода дода шуда, теъдоди курсантону рекуртон чорсаду чилу ду нафар ва кормандон чилу се нафарро ташкил менамоянд.
Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон қомат афрохта, то ин замон дар шаҳри Кӯлоб ҳамтои он мавҷуд набуд. Маҳз зери дастгирӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ҷумҳурӣ чунин Муассиса барои ятимону бепарасторон, фарзандони кормандони фавтидаи ҳифзи ҳуқуқ сохта шуда, ҳазорон ҳазор фарзандони шуҷоъи миллати тоҷикро ба воя расонида, дар ҳифзи Ватан роҳнамоӣ менамояд.
Зери ливои сулҳу озодӣ мо кормандон шукрона аз он менамоем, ки имрӯз ба ҳайси омӯзгор дар мақомоти корҳои дохилӣ ба таълиму тарбия ва омӯзиши насли ояндаи ин халқу Ватан содиқона, софдилона хизмат намуда, дар роҳи садоқати ин сарзамин устуворона қадам ниҳода истодаем.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки имрӯз хатмкунандагони Муассиса дар ҳифзи тартиботу низом, озодӣ, рушду пешрафт ва оромии кишвар чун родмардони қавӣ камари ҳиммат баста, дар оянда ба халқу миллат адои хизмат менамоянд.
Рӯзи касбии милитсияи тоҷикро ба тамоми кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона таҳният гуфта, ба онҳо пеш аз ҳама тансиҳатӣ, рӯзгори осуда, дар роҳи садоқат ба Ватан барору комёбӣ орзумандам.
Идатон муборак, Ҳомиёни шуҷоъи Ватан!
Марҷонаи А., муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва забонҳои МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД, лейтенанти калони милитсия,
Шарифзода М. Ҷамшеди Ҷ., курсантони МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷкистон