Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Конститутсия ва конститутсионализм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

402

Рӯзи 5-уми ноябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бахшида ба Рӯзи 26 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Конститутсия ва конститутсионализм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети мазкур доир карда шуд, ки дар он ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи факултет иштирок намуданд.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент полковники милитсия Одиназода А.Ш., оғоз намуда, аҳамияти ин ҷашнвораро дар масири таърих баён намуд.
Сипас сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ н.и.ҳ., подполковники милитсия Ҳоҷибобо З.М., дар мавзӯи «Асосҳои конститутсионии институти авф ва бахшиш» бо маърӯзаи худ баромад намуда, фикру андешаҳои худро вобаста ба Авф ва бахшиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.

403

Баъди баромади маърӯза баҳсу музокираҳо байни курсантони факултет оид ба мавзӯи «Асосҳои конститутсионии институти авф ва бахшиш» доир карда шуд.
Дар хотима, конференсияро сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент полковники милитсия Одиназода А.Ш., ҷамъбаст намуда, ҳозиринро боз як бори дигар бо фарорасии ин ҷашни таърихӣ табрик намуд.
Муроди Баҳодур Азимзода, сардори кабинети кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...