Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия - тақвиятбахшандаи ҷомеаи демократӣ

400

Рӯзи 5-уми ноябри соли 2020 дар майдони сафороии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бахшида ба рӯзи 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш. оғоз намуда, ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфт.
Сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Одиназода А.Ш. иброз дошт, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ, тақвиятбахшандаи ҷомеаи демократӣ, соҳибихтиёрии давлат ва ба танзимкунандаи муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ маҳсуб ёфта, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, фароҳам меорад.
Инчунин муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълим ва илм полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б. суханронӣ намуда иброз дошт, ки Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст. Муҳимтарин аз ҳама Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, ки ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем. Ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ эътироф гардидем.

401

Бояд зикр кард ки сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., подполковники милитсия Ҳоҷибобо З.М., дар мавзӯъи «Конститутсия дар замони муосир» суханрони намуда иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуда ба принсипи озодӣ ва демократия устувор аст. Қонуни асосӣ ҳамчун доираи фаъолияти тамоми нерӯҳои сиёсӣ-ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятиро муайян намуда барои густариши кори онҳо заминаи қонуни фароҳам овард. Ҷавҳари асосии Конститутсия аз он иборат аст, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат карда, барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварад.
Дар анҷоми чорабинӣ сардори факултети мазкур н.и.ҳ., дотсент полковники милитсия Одиназода А.Ш., чорабиниро ҷамъбаст намуда, ҳозиринро бори дигар бо фарорасии ин ҷашни таърихӣ табрику муборакбод намуд.

Хонкилдиев Азизҷон Баҳодурович, корманд-мутахассиси кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...