Тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон - самти муҳимтарини сиёсати давлат
(Дар ҳошияи баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маросими савгандёдкунӣ)
«Мо ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат диққати аввалиндараҷа дода, дар ҳафт соли оянда мақсад дорем, ки ташаббусҳои созандаи ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем». Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон роҳи моро дар оянда муайян кард. Худшиносии миллӣ, дарки ватандорӣ, ҳаллу фасли мустақилонаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқасос аз муҳимтарин рукнҳову сунатҳои даврони истиқлоланд. Воқеан, раванди таърихии марҳилаи ҳозираи ҷомеа ва дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар водор месозанд, ки аз ҷавонон ҳамчун захираи аслии зеҳнию ақлонии миллат баҳри эҳёи давлати воқеии Тоҷикон ва бунёди ҳаёти наву хушбахтонаи он истифодаи босамар дошта бошанд. Зеро ояндаи ҳар як миллат пеш аз ҳама ҷавонони боилму фарҳанг ва баору номуси он ҳастанд, ки бо фаъолияти созандаи хеш метавонанд пешрафти пурсамари ҷомеаро таъмин намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият бидуни душвориҳо ва ноҳамвориҳои роҳи тараққиёт дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки мо онро дар мисоли ҳаёти ҷавонони кишвар хеле равшан мушоҳида менамоем. Ҳамасола рӯзи 23-юми май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон аз соли 1997 сар карда ҷашн гирифта мешавад. Бояд зикр намуд, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Баръало намоён аст, ки андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд. Инчунин дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, ҷамбаҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шудаанд. Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Дар яке аз Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандии зиёд изҳор намуда буданд, ки «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳам боиси ифтихори мо мебошад». Хотирнишон бояд сохт, ки қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои муаззаму ҷавонпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои Президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир дастовардҳои нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони хушбахту саодатманди кишвар мебошанд.
Ин амалҳои хирадмндонаю дурандешонаи Пешвои миллат боз ҳам ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, руҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрамонро баланд бардошта, онҳоро водор месозад, то ба қадри неъматҳои бебаҳои Ватан, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Кишвари ободу зебо, амну ором ва арзишҳои фарҳангӣ бирасанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунӣ изҳор доштанд, ки: «Мо ба ҷавонони даврони истиқлол эътимоди бузург дорем ва барои онҳо тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам месозем, ки ҷавонони мо ҳамчун насли ояндасоз зимоми фардои давлат, Ватан ва халқи худро ба даст гиранд, сарзамини аҷдодиро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, яъне кори моро ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон идома диҳанд».
Ҷавонони саодатманди кишвар бояд дарк кунанд, ки Ватан-ин ҳамон қаламравест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон сухан гуфтаанд, шодию хурсандӣ, нолаю фиғон ва дарди дил кардаанд. Ватан- ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзи нангу номуси хеш шаҳид гардидаанд. Ба ҳамин хотир ин сарзаминро мо Модар-Ватан мехонем ва онро муқаддас мешуморем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, ки ояндаи Истиқлолияти миллию давлатӣ, ояндаи шукуфоии кишвар, ободии мамлакат, ҳифзи нангу номус дар дасти онҳост, ҳамеша таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, зимни суханрониашон дар яке аз маросими таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ қайд намуданд: «Ватан дар баробари Модар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Бе Ватан инсон бесарнавишт ва бе қурбу манзалат аст. Бе сабаб нест, ки арзишҳои волои ватандорӣ ҳанӯз аз даврони ориёиҳо зуҳур карда, дар китобҳои «Маҳабҳарата» ва «Авесто» тавсифу ситоиш шудаанд. Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ нест. Ватан пайванди ногусастании наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо, муҳофизати истиқлолият ва дастовардҳои он, пос доштани хотираи неки аҷдодон, ҳифз ва гиромидошти мероси таърихиву фарҳангӣ ва саъю талоши доимӣ ба хотири пешрафти давлату миллат ва шукуфоии Ватани аҷдодӣ аст».
Ҷавонон имрӯз бояд дар интихоб, хулосабарорӣ ва пешбарии ҳаёти худу ҷомеаи инсонӣ мустақил бошанд, тафаккури дастнигар надошта ба қувва ва нерӯи ақлонии худ боварӣ дошта бошанд. Таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар ба маврид аст: “Шумо - ҷавонон бояд сарнавишти ибратомӯзи гузаштаҳои худ, фидокорию ҷонбозиҳои қаҳрамонони халқи тоҷик ва таърихи куҳану нави миллати худро хуб донед. То ҷавонон таърихи гузоштаи халқи худ ва ҷонбозиҳои душвору тӯлонӣ ва пурмашшақати расидан ба истиқлолиятро хуб надонанд, ватандӯст ва миллатдӯсти ҳақиқӣ шуда наметавонанд”. Ногуфта намонад, ки ҷавонони кишвар низ барои ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор будан, воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар буда, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб менамоянд, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозанд. Ғамхориҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат нисбати ин қишри ҷомеа аст, ки имрӯз дар замири ҷавонони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд. Албатта, насли ҷавон бо рӯҳу равони тозаву тавоно, бо ҷаҳонбинии хосса, ақидаву ғояҳо, ахлоқу меъёрҳои ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ аз имрӯз ба фардои ҷомеа бо диди фарохи тозаву навини хеш сайқалу ороиш мебахшаду интиқол медиҳад. Биноан, дар тамоми гуфторҳои худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони имрӯз аз он нигоҳ аҳамият медиҳанд, ки онҳо дар аксари ҷабҳаҳои зиндагӣ моҳият ва хусусияти фардоро амиқтару хубтар ва гиротару шоистатар ба дарк бигиранд. Шоир Ниҳонӣ низ дар ин маврид барҳақ фармудаанд:
Ҷавононанд ҳам меъмору ҳам наққоши оянда,
Сазоворанд бар имрӯзу бар фардои созанда.
Ба илму бо амал дар зиндагонӣ оқилу доно,
Фидокоранд дар ободии ин мулки поянда.
Шарафманданд бо донишу бо рафтори арзанда,
Тавоноянд бо кирдору бо пиндори арзанда.
Ҷаҳони хешро созанд дар даврони озодӣ,
Ватан гардад диёри файзу сулҳу амну ободӣ.
Азиза Давлатшозода, сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД ҶТ, дотсент, полковники милитсия