Баргузории семинарии илмӣ- назариявӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсия
Рӯзи 9-уми ноябри соли 2020 дар Академияи ВКД бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсияи Тоҷикистон, семинари илмӣ -назариявӣ, дар мавзӯи «Милитсияи тоҷик: дирӯз ва имрӯзи фаъолият» баргузор гардид.
Семинари илмӣ-назариявиро бо сухани муқаддимавӣ роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳ намуда, бо Рӯзи солгарди милитсияи Тоҷикистон ҳозиринро табрик намуданд.
Дар кори семинарии илмӣ-назариявӣ олимону донишмандон, коршиносони соҳа, шоирон ва курсантони аъзои Ҷамъияти илмии курсантони «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ» фаъолона ширкат намуда, дар мавзӯъҳои мухталифи илмӣ маърӯзаҳо намуданд. Аз ҷумла, суханронии Неъмонов Б.З. – мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, н.и.т., дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳои мубрами омӯзиши таърихи милитсияи тоҷик», Пудинаев У. -ходими илмии Институти масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Муаррифии китоби Таърихнигории таърихи милитсияи тоҷик», Адолатов Иноят - аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии китоби «Зиндагиномаи собиқ вазири корҳои дохилӣ Ҳомиддин Ҳасанович Шарифов», Муҳаммад С.А. – сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.с., дотсент, подполковники милитсия дар мавзӯи «Милитсия ҳомии тартибот», Бойзода Ҷ.Ҷ. - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия дар мавзӯи «Назорати бехатарии давлатӣ аз сӯхтор - такягоҳи асосии мақомоти сухторнишонӣ», Самиъзода Б.С. - муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия дар мавзӯи «Нақши милитсияи Тоҷикистон дар раванди барқарорсозии суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ», Муҳаммадрофеи К. – курсанти курси 4-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Милитсия сутуни давлат ва эътибори миллат», Холиқов Б. - курсанти курси 2-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Милитсия ва ҷавонони кишвар», қироати шеър, аз ҷониби курсанти курси 3-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷононаи Зикрулло дар васфи милитсияи тоҷик, сурат гирифт.
Сухани хотимавиро бошад сардори Шуъбаи ТИ ва ТН, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М. анҷом дода, аз ҷумла зикр намуд, ки мақомоти милитсияи тоҷик дар ҳама давру замони таърихи хеш вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ бар уҳда дошта, хушбахтона аз уҳдаи иҷрои чунин масъулият сарбаландона баромадааст.
Аз нахустин рӯзҳои таъсисёбиаш милитсияи тоҷик то ба ин рӯз роҳи дӯшвору сангинро тай намуда, дар саҳифаҳои таърихи худ қаҳрамониву мардонагӣ, садоқат ба Ватан ва касбу савганд нишон дода, имрӯз ба сипари боэътимоди халқу Ватан мубаддал гардидааст.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ яке аз мақомоте, ки сарфи назар аз вазъияти мураккаби сиёсӣ, фалаҷ будани мақомоти давлатӣ, набудани базаи моддӣ-техникӣ устувор истода, дар сафи пеши муборизаҳои сиёсӣ қарор гирифт мақомоти милитсияи тоҷик буд. Бояд зикр намуд, ки ибтидои таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик дар замони истиқлолияти давлатӣ дорои саҳифаҳои гуногун, ки дар онҳо далерию шуҷоат, инсондӯстиву Ватандорӣ ва ифтихору қаҳрамонӣ дарҷ гардидааст, мебошанд.
Албатта, масъулияту далерӣ, худшиносиву худогоҳии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомот барои наслҳои имрӯзу ояндаи он ҳамчун мактаби омӯзиши садоқату ҷавонмардӣ, абадан боқӣ хоҳад монд.
Вобаста ба амалишавии қарор ва натиҷаҳои кори семинари мазкур бошад, қайд гардид, ки маърӯза ва пешниҳодоти ироагардидаро зарур аст, ки тавассути маҷаллаи илмии Осори Академия, ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», нашрияи «Набзи милитсия», васоити техникӣ-ахборӣ дарҷ намуда, дар раванди таълим васеъ истифода бурда шаванд.
Самиъзода Б.С., подполковники милитсия,