Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рузи милитсия дар Академияи ВКД

389

Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9-уми ноябри соли 2020 чорабинии тантанавии пагоҳирӯзӣ бо ширкати ҳайати шахсӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии ветеранҳои Россия «Бародарони ҳамяроқ», воқеъ дар Пойгоҳи ҳарбии 201 Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия баргузор гардид. 

Нахуст чорбинии тантанавиро сардори Академия, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ оғоз намуд ва Суруди миллии Тоҷикистон садо дод.
Сардори Академияи мазкур иброз намуд, «ки милитсияи тоҷик роҳи тӯлонии пайдоиш ва ташаккулро тай намуда, бахусус дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар барпо намудани сохти конститутсионӣ сахми арзанда гузоштааст, ки ин аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд гирифта, борҳо қадрдонӣ гардидаст, ки ин мояи ифтихори ҳар як корманди милитсия аз қаторӣ то афсари олирутба мебошад. Милитсия ҳамеша ба музаффариятҳои даврони Истиқлолият ва давлат содиқ аст. Ин садоқатро ҷузъу томҳои милитсия бори дигар дар маросими қабули Савганд санаи 30-юми октябри соли равон дар майдони Дӯстии пойтахт бори дигар бо тамоми сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар назди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Муссалаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд.

390391392

Ин аст, ки милитсияи тоҷик имрӯзҳо зери роҳбарии содиқонаи олим ва шахсияти варзида, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқ, дотсент, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро пайваста кӯшиш менамоянд, ки бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва суботи комили ҷомеа, як қатор чорабиниҳоро аз қабили корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ташкили конференсия ва мизҳои мудаввари сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, барномаҳои махсуси телевизионӣ, вохӯриҳо ва суҳбатҳоро бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, хосатан ҷавонон оиди таъмини волоияти қонун, риояи қонуният, таблиғи ахлоқи ҳамида ва ҳамкориро бо аҳолӣ ба роҳ монда, масъулияти хешро дар назди миллату давлат боз ҳам сарбаландона иҷро намоянд.
Имрӯз мо кулли кормандони милитсияи тоҷик ифтихор аз он дорем, ки зери сиёсати созанда ва мактаби хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти касбӣ намуда, баҳри суботи комили сиёсӣ, таъмини Ваҳдати миллӣ, ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, инчунин зиндагии осудаи ҳар хонадони тоҷикистонӣ кору фаъолият менамоем».
Сипас роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ветеранхои Россия «Бародарони ҳамяроқ», воқеъ дар пойгоҳи харбии 201 Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия Давлатов С.Н. ҳайати шахсии Академияро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик самимон табрик намуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Ҳамчунин муовинони Ташкилоти мазкур Козлов О.А.-муовини якуми Ташкилот, зодаи шаҳри Кӯлоб, Хоҷаев Р.Т.-муовин оид ба корҳои ҷавонон ва амнияти ҳамин Ташкилот бо суханхои табрикӣ баромад намуданд.

393

Бо фармони сардори Академияи ВКД кормандони фаъол бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар Академияи ВКД бо расми гузашти низомӣ анҷом ёфт.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...