Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки омӯзгорон ва курсантони Академияи ВКД дар чорабинии илмӣ-амалӣ

379

Рӯзи 5-уми ноябри соли ҷорӣ дар муассисаи давлатии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди давлатдории миллӣ» бахшида ба 26-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Мубориза бар зидди амалҳои номатлуби ҷомеа» баргузор гардид. Аз Академияи ВКД муаллими кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда, лейтенанти калони милитсия Ҳабибзода Ҳ.Т. ва курсантони курси 3-юм Мирмаҳмадов Т. ва Ризозода Ш.Ҷ. таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи ҷамъиятӣ, полковники милитсия Бойзода Ҷ.Ҷ. иштирок доштанд. 

Кори конфренсия ва семинари илмӣ – амалиро бо сухани муқаддимавӣ Ризоева Малика ҷонишини директори МД Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова оғоз намуда, аз аҳамияти таърихии Конститутсия, ки санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад, маълумоти муфассал дода, сухани навбатиро ба дотсенти кафедраи ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Бойзода Ҷ.Ҷ. доданд.

380381382

Бойзода Ҷамшед доир ба нақши Конститутсия баромад намуда, иброз дошт, ки таҷлили бистушашумин солгарди нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутуни асосии давлат ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди воқеан муҳими таърихӣ ва тақдирсоз ба шумор меравад. Зеро бисту шаш сол муқаддам – 6 ноябри соли 1994 дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид, ки он истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати тоҷикон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Инчунин дар кори конфренсия ва семинари илмӣ – амалӣ, муаллими кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда, лейтенанти калони милитсия Ҳабибзода Ҳокимҷон дар мавзӯи «Конститутсия – омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар», курсантони Академия ва донишҷӯёни коллеҷи мазкур бо маърӯзаҳои хеш баромад намудан.
Дар фарҷом аз ҷониби донишҷӯёни коллеҷ шеърҳо дар васфи Конститутсия ва Тоҷикистон қироат гардид.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...