Ҷавонон ва терроризм: роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ
Рӯзи 28-уми октябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҷавонон ва терроризм: роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ» баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба таълим ва илм полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б. оғоз намуда, иштирокчиёни конференсияро аз номи роҳбарияти факултети №4 хайрамақдам гуфта, оид ба роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳои террористӣ-экстремистӣ суханронӣ намуд.
Сипас аз ҷониби муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД майори милитсия Ибрагимзода Ҷ.И. навори махсуси аз ҷониби Маркази матбуоти РВКД дар вилояти Суғд бо номи «Гумроҳшудагон» омода карда шуда, пешкаши иштирокчиёни семинарӣ илмӣ-амалӣ гардонида шуд.
Баъдан бо маърӯзаи худ муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД подполковники милитсия Комилзода З.К. дар мавзӯи «Ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта, омил ва роҳҳои пешгирии онҳо» баромад намуда, қайд кард, ки аслан дар замони муосир терроризм ноком аст, яъне террористон ба мақсадҳои сиёсии худ ноил намегарданд, лекин новобаста ба ин хуни ноҳақ мерезанд, одамони бегуноҳ ҳалок мешаванд, ҷароҳат мебардоранд, ҷабр мебинанд.
Инчунин бо маърӯза милитсияи қаторӣ Нуруллоев М. дар мавзӯи «Мафҳуми терроризм дар сиёсати ҳуқуқи ҷиноятӣ ва хусусиятҳои он» ва сержанти хурди милитсия Маллаев А. дар мавзӯи «Асосҳо ва усулҳои мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта» баромад намуданд.
Зимни суханронии хотимавӣ сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД подполковники милитсия Раҳимзода Ҷ.Қ. дар мавзӯи «Решаҳои гносеологии экстремизм» баромад намуда, иброз дошт, ки ифротгароӣ бештар хусусияти сиёсӣ дошта, баҳри расидан ба мақсадҳои муайян бештар ба зӯроварӣ майл дорад. Фаъолияти моҷароҷӯён асосан барои бунёди давлати исломӣ ва ба сари ҳокимият омадани «мусалмонони пок»-ро тақозо мекунад. Қувваи ҳаракатдиҳандаи ҳаракати ифротгароёнро махсусан донишҷӯён, коргарон, савдогарони хурд, муҳандисон, духтуронро ташкил медиҳанд. Вале қувваи асосӣ барои онҳо ҷавонон мебошанд. Дар асоси таҳқиқотҳо маълум гардидааст, ки заминаҳои ҳаракати ифротгароӣ дар раванди таърихӣ солҳои наздик тарҳрезӣ шудаанд.
Ҳамин тавр, омӯзиш ва таҳлили ҷинояти терроризм дар ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб душвор ва тӯлони буда, фаъолияти дастаҷамъонаи субъектони зидди террористӣ, таҳияи барномаи созанда ва мусбат, ки ҳадафи он пеш аз ҳама аз байн бурдани сабабҳои асосии пайдоиши терроризм мебошад, бо ворид намудани қувваю воситаҳои иловагӣ ва бо истифодаи усулҳои пешқадам амалинамоии чорабиниҳои муштараки мувофиқа кардашударо талаб мекунад.
Ибрагимзода Ҷ.И., муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД, майори милитсия,
Раҳимов А.А., сардори кабинети кафедраи ФОҶ МКД факултети №4 Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия.