Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи шоҳмот бахшида ба «Рӯзи Конститутсия» ва «Рӯзи милитсия»

368

Дар факултети №4 Академияи ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бо мақсади баланд бардоштани рушди зеҳнӣ ва ташаккули алоқаи дӯстӣ байни курсантон ба муносибати таҷлил аз «Рӯзи Конститутсия» ва «Рӯзи милитсия» мусобиқаи варзишӣ оид ба «Шоҳмот» ташкил карда шуд. 

Чорабинии варзишӣ бо ташаббуси кафедраи «Омодагии касбӣ ва тайёрии ҷисмонӣ»-и факултети мазкур баргузор гашт. Даври аввали мусобиқа дохилӣ гузашт, ки 27 нафар шунавандаи қобилияти шоҳмотбозӣ дошта иштирок карданд. Дар ҳар як курси таълимӣ номзади арзандаи шоҳмотбоз муайян ва ҷиҳати иштирок ба даври асосии мусобиқа пешниҳод шуд. Ҳамин тариқ 10 нафар беҳтарин шоҳмотбоз, ки панҷ курси таълимиро намояндагӣ мекарданд ба даври асосии мусобиқа роҳ ёфта аз рӯи системаи олимпӣ тибқи риояи қоидаҳои амалкунандаи бозии шоҳмот байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа Умед Собиров курсанти курси 4 шоҳмотбози беҳтарин ва ғолиби мусобиқа, Абдусаид Абдуллозода курсанти соли аввал мақоми дуюм ва Ҳаидбой Ҳаитов курсанти курси 4 зинаи сеюми ифтихориро соҳиб шуданд. Ғолибон дар ҷараёни чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Конститутсия» ва «Рӯзи милитсия», ки дар факултети №4 Академияи ВКД баргузор мешавад дар вазъияти тантанавӣ бо дипломи мусобиқа ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мешаванд.
Лозим ба таъкид аст, ки шоҳмотбозони ғолиб дар ҳамин намуди варзиш дар мусобиқаҳои беруна факултетӣ №4 Академияро намояндагӣ ва муаррифӣ хоҳанд кард.

369

Тавре рафти мусобиқа нишон дод дар байни шунавандагони факултети №4 Академияи ВКД донандагони варзиши зеҳнии шоҳмот зиёд буда, ҷавонон нисбати ин намуди варзиш таваҷҷуҳ доранд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...