Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Викторина бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»

365

Бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи илмӣ-тадқиқотӣ санаи 31 октябри соли 2020 бо ташаббуси кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор викторина дар байни ҷаъмияти илмии «Оташнишонон» -и кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи дар соҳаи илму маориф» бо иштироки роҳбарияти Академияи ВКД, аз он ҷумла сардори шуъбаи илмӣ ва таъбу нашри Академия, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М., бо тариқи онлайн иштирок намуда ва сардори факултети №5, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Нуруллозода М., и.в. сардори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор, капитани милитсия Шарофзода Ф.А., сардори қисми таълимии факултет, майори милитсия Солиев М.Н., баргузор гардид. 

Дар викторинаи мазкур ду гурӯҳ ташкил карда шуда буд, ки шумораи умумии курсантон 8-нафарро ташкил медод, ки дар байни гурӯҳҳо саволҳо доир ба мавзӯи “тактикаи оташнишонӣ” ва “хомӯш намудани сӯхторҳо” дода шуд.
Дар ҷараёни викторинаи баргузоргардида аз натиҷаи саволҳои дода шуда ба гурӯҳҳои зерин ва иштироки фаъолонаи курсантон ғолиби викторинаи имрӯза курсантони курси 5-уми ихтисоси бехатарӣ аз сӯхтор ноил гардиданд.

366367

Баъд аз хотима ёфтани викторинаи гузаронида шуда аз тарафи курсантон пешниҳодҳо ва хоҳиш карда шуд, ки аз ҳамаи фанҳои тахасусӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» гузаронида шавад.

И.в. сардори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5, капитани милитсия
ШАРОФЗОДА Фирӯз,

Роҳбари илмии ҷамъияти илмии курсантони «Оташнишонон»-и кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор, лейтенанти калони милитсия
МУРОДЗОДА Самариддин

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...