Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия - омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар

364Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлили 26-умин солгарди нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутуни асосии давлат ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди воқеан муҳими таърихӣ ва тақдирсоз ба шумор меравад. Зеро бисту шаш сол муқаддам – 6 ноябри соли 1994 дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид, ки он истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати тоҷикон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд. Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид. Маҳз дар асоси талаботи меъёрҳои Конститутсия қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои муҳиме, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқии паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошанд, қабул карда шуданд, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ ифодаи раванди солими ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат буда, заминаи боэътимоди пешрафти ҷомеаро таъмин мекунанд».
Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, моҳият, мундариҷа ва ормонҳои давлатдории нави миллии тоҷикон дар моддаи 1 ва моддаи 100 баръало таҷассум ёфтаанд. Дар моддаи 1 Конститутсияи мамлакат омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад» ва моддаи 100-уми Конститутсия таъкид мекунад: «Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд».
Ба ибораи дигар, асосҳои сохтори конститутсионӣ, фаъолияти мақомоти қонунбарор, суд ва прокуратураи мамлакат, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар доираи талаботи ҳамин ду модда ҷорӣ карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки қабули ин ду модда дар заминаи холӣ сурат нагирифтааст. Вақте гурӯҳи корӣ оид ба омодасозии лоиҳаи Конуститутсия бо сарварии раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор шурӯъ кард, тамоми паҳлӯҳои таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёд, сарнавишти давлатдории тоҷикон, анъанаву махсусиятҳои миллӣ вобаста ба талаботи замони муосир, равандҳои нави ҷомеа, тартиботи нави давлатдорӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ ба назар гирифта шуданд.
Тавре далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, яке аз асосгузорони қабули Конститутсияи нави мамлакат Пешвои миллат, Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Баъд аз эълони истиқлолияти давлатӣ қабули Конститутсия яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ дониста мешуд, зеро қабул кардани Конститутсияи нав муайян намудани роҳи давлат ва ҷомеа ба сӯи рушду такомули минбаъда маънидод карда мешуд. Бо назардошти ҳамин соли 1992 аз ҷумлаи аъзои Комиссияи конститутсионӣ гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ лоиҳаро таҳия намуд, аммо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надод, ки лоиҳаи таҳияшуда барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шавад. Иқдоми ҷиддии навбатӣ баъд аз барқарор шудани сохти конститутсионӣ гирифта шуд. Бо Қарори иҷлосияи ХVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Сардори давлат дар ҳамон иҷлосия зарурати ин корро чунин шаҳр дода буданд: «Муҳимтарин ҷиҳати ин вазифа то сатҳи юридикӣ ва маънавии ҳуқуқи байналмилалӣ ва тадбирҳои универсалии онҳо баланд бардоштани қонунгузории давлатист. Аз ин ҷиҳат мо ба хулоса омадем, ки системаи ҷории қонунҳоямонро ба экспертизаи байналмилалӣ фиристем ва ҳам дар баррасии Қонуни асосиамон аз кумаки машваратии ташкилотҳои дахлдори байналхалқӣ истифода барем».
Дар фазои сулҳу субот, шаҳомат ва тантанаи музафариятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҷлил шудани 26-умин солгарди Конститутсияи мамлакат гувоҳи он аст, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар интихоби Пешвои миллат, қабули Конститутсияи мамлакат ва роҳ гирифтан ба самти ҷомеаи озоду инсонпарвар, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ хато накардааст.
Бо қабули Конститутсия мардуми Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, бунёди давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд.
Бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад.
Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият ба дӯши давлат вогузор намудааст. Маҳз аз ҳамин хотир, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ буда, сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ маҳсуб меёбад.
Дар муддати сипаригашта як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, принсипи гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, асли озодии виҷдону эътиқод ва ғайра дар сатҳи Конститутсияи кишвар асоси устувори қонунӣ пайдо кард.
Бо дарназадошти ниёзмандиҳои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ва мутобиқи талаботу пешрафти он солҳои 1999, 2003 ва 2016 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам овард.
22 майи соли 2016 мардуми шарифи Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ бори сеюм тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки онҳо матни ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро такмил дода, нишонаи ба зинаи нави рушд ворид шудани Тоҷикистонро собит намуданд.
Ин раъйпурсӣ, ки дар фазои сулҳу суботи комил ва сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид, бори дигар исбот сохт, ки мардуми Тоҷикистон соҳиби фарҳангу маърифати пешрафтаи сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошанд. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Конститутсия аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Воқеан, Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсӣ барои амалӣ гардидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ замина гузошта, баробарии ҳамаро дар назди қонун, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ ва фаъолияти озоди соҳибкориро дар кишвар кафолат медиҳад. Дар заминаи татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ дар кишвари мо волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин ифтихори милливу худшиносӣ ба сатҳи арзиши ҳамешагии ҷомеа бардошта шуд.
Тазаккур бояд дод, ки тамоми низоми қонунгузории миллӣ ба муқаррароти Конститутсия мувофиқ гардонида шуда, фаъолияти Парлумони касбии кишвар ба таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлату миллат, густариши раванди демократикунонии ҷомеа ва пешбурди бомароми ислоҳоти иқтисодиву ҳуқуқӣ равона гардид. Фаъолияти озоди иқтисодиву соҳибкорӣ дар асоси кафолатҳои конститутсионӣ тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишвари моро таъмин намуд ва барои муайян кардани сиёсати мутавозин, хусусан, дар самти паст кардани таъсири манфии буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллиамон асоси боэътимод гузошт.
Мо дар даврони истиқлол бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст, ки воқеан, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол арзёбӣ мегардад.
Месазад ҳар даъфа таъкид намоем, ки Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори даҳ Конститутсияи беҳтарини кишварҳои олам эътироф гардида, муқаддимаи он бо суханони зерини таърихӣ навишта шудааст: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Қабули Конститутсия имкон фароҳам овард, ки мардуми ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи тоҷикро чун мардуми бунёдкору сулҳпарвар ва фарҳангию меҳмоннавоз шиносанд.

ОДИНАЗОДА Шариф
Ходими илмии ШТИ ва ТН- Акаемияи ВКД, лейтенанти калони милитсия

ҲАБИБЗОДА Ҳокимҷон
Муаллими кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...