Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Тактикаи хомӯш намудани сӯхтор дар бино ва иншоотҳои муҳим”
Бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи илмӣ-тадқиқотӣ санаи 27 октябри соли 2020 бо ташаббуси кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор, конфренсияи илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Тактикаи хомӯш намудани сӯхтор дар бино ва иншоотҳои муҳим” бо иштироки роҳбарияти Академияи ВКД баргузор гардид.
Дар кори конфренсияи илмӣ – амалӣ устодону курсантон, собиқадорону мутахассисони ботаҷрибаи СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар чорабинии мазкур устодони собиқадори соҳа Буризода Хурсандқул Бурӣ - муовини директори МДТ Коллеҷи оташнишони-техникӣ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хизмати дохилӣ, дар мавзӯи “Тактикаи хомӯш намудани сӯхтор дар амборҳои зарфҳои нигаҳдории моеъҳои зуддаргиранда ва моеъҳои сӯзанда”, Шарофзода Фируз Алиҷон – и.в. сардори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия, дар мавзӯи “Меъёрбандӣ намудани бино ва иншоотҳои муҳим”, Саидзода Файзиддин Мирзошариф – муаллими калони кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия, дар мавзӯи “Принсипи кор ва таъиноти системаи автоматикии хомӯшкунии сӯхтор дар объектҳои махсусан муҳим”, Муродзода Самариддин Сафаралӣ - муаллими кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия, дар мавзӯи “Тактикаи хомӯш намудани сӯхтор дар корхонаҳои бофандагӣ” Саидикроми Саидамир - курсанти курси 5-уми факултети №5, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милисияи қаторӣ, дар мавзӯи “Вазифа ва уҳдадориҳои ҳайати роҳбарикунанда ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор дар иншоотҳои муҳим” баромад намуданд.
Дар баромади иштирокчиёни чорабинӣ, якчанд масъалаҳо оид ба тактикаи хомӯш намудани сӯхтор дар амборҳои зарфҳои нигаҳдории моеъҳои зуддаргиранда ва моеъҳои сӯзанда, меъёрбандӣ намудани бино ва иншоотҳои муҳим, принсипи кор ва таъиноти системаи автоматикии хомӯшкунии сӯхтор дар объектҳои махсусан муҳим, тактикаи хомӯш намудани сӯхтор дар корхонаҳои бофандагӣ, вазифа ва уҳдадориҳои ҳайати роҳбарикунанда ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор дар иншоотҳои муҳим маълумот дода шуд.
Дар конфренсияи илмӣ-амалӣ аз тарафи профессорону омӯзгорони кафедра якчанд тавсияҳои методӣ барои бартараф кардани камбудиҳое, ки дар бино ва иншоотҳои муҳим ошкор мегардад, пешниҳод карда шуданд.
ШАРОФЗОДА ФИРӮЗ
И.в.сардори кафедраи бехатарӣ аз сухтори факултети №5, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия
МУРОДЗОДА САМАРИДДИН
муаллими кафедраи бехатарӣ
аз сӯхтор, лейтенанти
калони милитсия
ИБРОҲИМЗОДА ШУҲРАТ
муаллими кафедраи бехатарӣ
аз сӯхтор, лейтенанти
калони милитсия