Мусобиқаи волейбол байни донишҷӯён
Рӯзи 27-уми октябр дар доираи чорабиниҳо ба муносибати «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи нақшаи муштараки Академияи ВКД ва Федератсияи волейболи Тоҷикистон дар факултети №4 АВКД мусобиқаи кушоди варзишӣ дар намуди волейбол байни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ оғоз ёфт. 10 даста аз донишкадаву донишгоҳҳо ва коллеҷҳои минтақаи Суғд ҷиҳати иштирок номнавис шудаанд ва макони баргузории мусобиқа толори варзишии Факултети №4 Академияи ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд муқаррар шудааст.
Мақсади чорабинии варзишӣ таҳкими дустӣ байни донишҷӯён, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз нашъамандӣ ва густариши ин намуди варзиш гуфта шуд, ки таҳти шиори «Якҷо бо маводи нашъадор мубориза мебарем» ҷараён хоҳад гирифт.
Дар маросими кушодашавии чорабинии варзишӣ, ки дар майдони сафороии Факултети №4 Академияи ВКД баргузор гашт муовини сардори факултети мазкур полковники милитсия Набиҷон Муҳаммадиев, котиби генералии Федератсияи волейболи Тоҷикистон Муҳиб Латипов, роҳбари бахши Суғдии ҳамин Федератсия Сарҳад Ғаниев ва намояндагони дастаҳо иштироку суханронӣ намуданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки варзиш дар баробари тарғибгари дустӣ будан, ҳамчунин омили эътимодноки солимгардонии ҷомеа ва пешгирикунанда аз амалҳои номатлуб эътироф шудааст.
Мутобиқи оинномаи мусобиқа танҳо он варзишгароне, ки дар шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии вилояти Суғд қарордошта таҳсил менамоянд, иштирок карда метавонанд. Мусобиқа тайи 3 рӯз тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии волейбол сурат гирифта беҳтаринҳо ба даври баъдӣ роҳ меёбанд. Ташкил ва сафарбарнамоии варзишгарон ба мусобиқаро ҳайати омӯзгорони кафедраи «Омадагии касбӣ ва тайёрии ҷисмонӣ»-и Факултети №4 Академияи ВКД ва мураббиёни Федератсияи волейболи вилояти Суғд ба уҳда доранд.
Бозии нахустини мусобиқа байни дастаҳои Академияи ВКД ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гашт, ки бо пирӯзии мутлақи дастаи Академияи ВКД дар ду давр анҷом ёфт. Дар идома дастаҳои Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии шаҳри Бӯстон ва Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ вориди майдони рақобат шуданд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа аз рӯи шумораи зиёди холҳои ба даст оварда муайян ва бо Ҷом, Медал, Диплом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мешаванд.
Айни замон мусобиқаи даставӣ идома дошта аз натиҷаи он иловатан маълумот хоҳем дод.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия