Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти курсанти Академия дар озмуни байналмилалӣ

359

Дар озмуни байналмилии корҳои донишҷӯён (ба таври ғоибона) дар Донишкадаи ВКД Ҷумҳурии Беларуссия (шаҳри Могилев) курсанти курси 3-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Исозода Саидшоҳ Идибек зери роҳбарии омӯзгори калони кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети №3, подполковники милитсия Рустамзода Зарина Рустам бо мақолаи илмии «Моделҳои сохторӣ ва мантиқии таълими электронӣ» фаъолона ширкат намуда, ғолибият ба даст даровард ва сохиби Дипломи дараҷаи 3-юми озмуни мазкур гардид.

Боиси тазаккур аст, ки таҳти сарпрастии Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академия курсантон ба корҳои илмӣ-тадкиқотӣ бештар ҷалб гардида, дар озмунҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ғолибиятҳои нав ба нав ба даст меоранд, ки боиси ифтихор мебошад.
Роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон курсант Исозода Саидшоҳ Идибекро бо ин дастоварди навбатии илмӣ табрику тахният гуфта, ба курсант комёбиҳои нави эҷодӣ орзуманд аст.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...