Иштирокчиёни мутахассисони Академияи ВКД Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ
Бо изҳори кӯшиши ҳамкории судманд дар доираи фаъолияти Ассотсиатсияи ташкилотҳои таълимии ВКД/полис, таърихи 23-юми октябри соли 2020 дар Академияи идоракунии ВКД Россия Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушди стратегии системаи ВКД Россия: ҳолат, тамоюл, дурнамо» баргузор гардид.
Дар доираи Форуми байналмилалӣ масъалаҳо оид ба механизмҳои татбиқ ва самтҳои асосии истифодаи амалии зеҳни сунъӣ дар фаъолияти оперативӣ ва хизматии ВКД; заминаи ҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ; нишондиҳандаҳои тавсифкунандаи самаранокии расидан ба ҳадафҳо ва самтҳои асосии истифодаи амалии технологияҳои зеҳни сунъӣ дар ВКД; истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар ошкор, тафтиш ва пешгирии ҷиноятҳо; пешгирии ҷинояткорӣ дар асоси маълумоти пешниҳодгардида; таъминоти илмӣ, ташкилӣ, иттилоотӣ, кадрӣ, молиявӣ ва моддию техникии истифодаи зеҳни сунъӣ; рушди системаи ВКД дар заминаи рақамисозии ҷинояткории муосир баррасӣ шуда буданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ ба иштирокчиёни Форуми байналмилалӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. баромад намуда, таъкид кард, ки бисёр дастовардҳое, ки ба манфиати инсоният офарида шудаанд, аз ҷониби ҷомеаи ҷиноятӣ низ истифода мешаванд ва аз ин рӯ, зеҳни сунъиро барои мақсадҳои дигар истифода бурдан мумкин аст. Аз ин рӯ, давлатҳое, ки чунин технологияҳоро ҷорӣ менамоянд, бояд танзими ҳуқуқии онҳоро баррасӣ кунанд, тадбирҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро аз таҷовуз бо истифодаи технологияҳои муосир пешбинӣ намоянд. Дар робита ба ин, дар баробари татбиқи чунин технологияҳо дар ҳаёт, баҳо додан ба хатарҳо ва хатоҳое, ки зеҳни сунъӣ метавонад роҳ диҳад, зарур мебошад.
Кори Форуми байналмилалӣ дар панҷ бахш ташкил карда шуда буд: самтҳои стратегии истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти ВКД; стратегияҳои ҳамкории полис бо ҷомеа; масъалаҳои мубрами идоракунӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ; рушди системаи ВКД дар заминаи рақамикунонии ҷинояти муосир; масъалаҳои мубрами ташкили оташнишонӣ ва тарбияи ҷисмонӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ. Дар кори сексияҳо сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия А.Л.Арипов ширкат намуда, дар мавзӯи "Истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ" маърӯза намуд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр