Нури бахтномаи миллат
Таърих гувоҳ аст, ки истифода аз як забони воҳид заминаи пешрафти давлатро мусоид месозад ва ба ташаккули миллате бо пайванди иҷтимоии қавӣ сабаб мешавад. Хушбахтона, миллати мо соҳиби чунин забон аст, забоне, ки реша дар умқи таърих дошту дорад ва гузаштаи пурифтихори он ба ҳар фарди меҳандӯст ва ҳисси баланди миллидошта равшан аст.
Таърих гувоҳ аст, ки ин забон, яъне забони тоҷикӣ, дар асрҳои миёна дар шибҳи қора нақши байналмилалиро ифо мекард ва то замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон агарчи мақоми давлатӣ надошт, аммо дар умури сиёсиву иқтисодӣ ба кор мерафт.
Ман ин мафҳумро ду гуна арзёбӣ мекунам:
а) соҳибистиқлолии нисбӣ;
б) соҳибистиқлолии комил.
Соҳибистиқлолии нисбии мамлакати мо ба даврони Шӯравӣ рост меояд, зеро ки бори нахуст, пас аз барҳам хурдани давлати Сомониён аз чанголи ҳокимони бегона раҳоӣ ёфтем ва дар ҳайати ҳокимияти Шӯравӣ то ҳадде худро озод эҳсос кардем, аммо вобастагии мо ба марказ мустақилияти пурраи моро инкор мекард ва натиҷа ҷунбишҳои сиёсии охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90, мусодиф ба вазъи бозсозии давраи Горбачёв шуд, ки баробари мушкилоти ба сари халқи мо омада ниҳоятан истиқлоли комили хешро дарёфтем, ки аз ҷумла ба масъалаи забон сахт алоқаманд аст.
Забони тоҷикӣ ҳарчанд, ки дар замони Шӯравӣ мақоми расмӣ пайдо кард, яъне Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми июли соли 1989 қабул шуд, (бад-ин васила дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд) аммо ҷараёни ба забони сиёсӣ, иқтисодӣ ва илму фарҳанг табдил ёфтани он дар айёми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, мушаххас бигӯем, баъд аз Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо гирифтааст. Дар ҷиҳати воқеӣ шудани ин раванди пурарзиш саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басе бузург аст. Танҳо бо кӯшишҳои пайгиронаи Раҳбари кишвари nоҷикон забони тоҷикӣ то ба имрӯз марҳилаи тозаеро дар масири рушди худ оғоз намуда ва роҳи тараққиёти бесобиқаро пеш гирифтааст.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар маросими таҷлили Рӯзи забон 22-июли соли 1996 ба ин нукта рӯ оварда гуфтаанд, ки «Иҷрои қонуни забон солҳои аввал дар шароити авҷи муборизаҳои сиёсиву мафкуравӣ ба вуқӯъ мепайваст. Тарафҳои мусбат ва манфии ин талошу муборизаҳоро мову шумо бо чашми худамон дидем. Вале гузашти айём ва он дигаргуниҳое, ки баъди соҳибистиқлол шудани ҷумҳурии мо ба вуқӯъ пайвастанд, ба бисёр масъалаҳои печида ва нофаҳмиҳои тарафҳои муқобил нуқта гузошт».
Давлати мо дар раъйпурсии умумихалқӣ соҳиби Конститутсияи худ шуд, ки дар моддаи дуввуми он зикр гардидааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
Акнун мо вазифадорем, ки нуктаҳои конститутсиониро дар бораи амали забони давлатӣ иҷро кунем.
Ҷойи изҳори хушҳолист, ки бар рағми ҳама нодидагириҳо ва пастзаданҳои шаъни ин забон, ки аз солҳои 20 ба ин сӯ шиори худкомагон қарор гирифт ва ҳатто дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ душманони миллат хостанд авзои муташанниҷи он айёмро доман бизананд ва аз пайи таҳқири ворисони забони ноби мо шуданд, аммо афроди бофарҳанг, чунон ки ишорат намудем, дар дифои он бархостанд ва шароити лозимаро барои инкишофи он муҳайё сохтанд, яъне тири сухани фурсатталабон, ки шикасти давлати забонро интизор буданд, хок хӯрд. Зикри суханони шоири зиндаёд Убайд Раҷаб ба муқобили он назарияпардозон, ки нобудии забони моро ба фол мегирифтанд, ин фурсат барҷо мебуд:
Ҳар дам ба рӯйи ман
Гӯяд адӯйи ман,
К-ин шеваи дарии ту чун дуд меравад,
Нобуд мешавад,
Бовар намекунам,
Бовар намекунам!
Дар даврони Истиқлол орзуи шоири шаҳири мо Лоиқ Шералӣ, ки бо мароми халқ пайванд садо медод, дар амал татбиқ шуд. Таваҷҷуҳ шавад ба ин ҳарфҳои шоир:
Чун пойтахтатон тахти забон надорад,
Забон забони шумо нест.
Суханони поён аз пиёда гардидани хостҳои деринаи мардуми шарифи мо дарак медиҳанд:
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии хеш ба муносибати Рӯзи забон 21-уми июли соли 2009 бо овардани далоили илмӣ ва амалӣ дар бахши густариши забони давлатӣ ва танзими истилоҳоти илмӣ дар риштаҳои илм ва технологияи муосир, татбиқи ҳадафмандона ва риояи ҳатмии Қонуни забон дар ҷумҳурӣ зарурати таъсиси сохтори наверо бо номи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. 5-уми октябри соли 2010 ба муносибати Рӯзи Забон фармуда буданд, ки «Масъалаи истилоҳот ва махсусан таҳияи истилоҳоти илмӣ, ки барои ба забони илм табдил ёфтани забони модарии мо аҳамияти аввалиндараҷа дорад аз масъалаҳои ҳалталаб барои мо ба шумор меравад. Бо таъсис ёфтани Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала бояд зери назорати ҷиддии ин муассиса қарор гирад». Агар шоирона бигӯем, акнун шаҳри забони мо дарвоза дорад.
Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондоди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ низ дар пайи танзиму такмили барномаҳои мукаммали таълими забони давлатӣ шуда ва коми донишҷӯёнро бо шаҳди сухани модарияшон боз ҳам шодоб хоҳанд кард. Кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ба ҳисоб гирифтани вижагиҳои самти омӯзишии шунавандагону курсантон ҷиҳати муфидтар ба роҳ мондани таълими забони миллӣ пайваста аз пайи таҳияи барнома ва дастурҳои нав ба нави таълимӣ мебошад. Аз ҷумла, дар давоми 96 соати дарс масъалаҳое, амсоли забон ва аҳамияти иҷтимоии он, забон ва истиқлоли кишвар, мавқеи забони тоҷикӣ дар доираи хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва гурӯҳи забонҳои эронӣ, андешаҳои бузургон оид ба мақоми забон, пайдоиши вожаҳои нав дар забон, мавқеи истилоҳот дар забон ва ғайра тадрис мешаванд, ки ба инкишофи савияи таърихдонӣ ва ҳисси милливу худшиносии шунавандагон мусоидат менамоянд. Зимни мавзӯъҳо ба рушди малакаи ҳуҷҷатшиносӣ ва ҳуҷҷатнигории онҳо низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Зеро маърифату фазилати ҳар фард маҳз дар забон ва тавассути забон ифода мешавад. Омӯзиши забон дар тамоми давру замон аз муҳимтарин омилҳои касб намудани илму дониш маҳсуб мешуд.
Дар анҷом гуфтанием, ки муваффақият дар заминаи омӯзиши забонро аз баракати истиқлолияти давлатамон ва ҳидояти нури Бахтномаи миллат, Қонуни асосӣ - Конститутсия, ки чун чароғ роҳи моро мунаввар месозад, медонем.
Азиза Давлатшозода, сардори кафедраи забонҳои
Академияи ВКД ҶТ, дотсент, полковники милитсия