МИЗИ МУДАВВАРИ АКАДЕМИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «Масъалаҳои ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар самти ФОҶ»
Санаи 22-уми октябри соли 2020 аз ҷониби кафедраи Ташкили тактикаи Фаъолияти оператвӣ-ҷустуҷуии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, мизи мудаввар дар мавзуи «Масъалаҳои ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар самти ФОҶ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур на танҳо ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони Академияи номбурда, балки кормандони дигар ҷузъу томҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолона иштирок намуданд.
Чорабинии илмӣ бо сухани ифтитоҳии муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ оғоз гардид. Ҳамчунин дигар омӯзгорон ва иштирокчиёни мизи мудаввар дар мавзӯъҳои Масъалаҳои ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо маърузаҳо баромад намуданд.Баъд аз анҷоми маърӯзаҳо аз тарафи иштирокичиёни мизи мудаввар як қатор пешниҳодҳо манзур гардид.
Дар интиҳои чорабинӣ иштирокчиён аз баргузории чорабинии илмии мазкур қаноатманд гардида, ибрози сипос намуданд.
Саида Сафарзода, Раҷабалиён А.Р.