Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз риояи қонуният то омӯзиши нозукиҳои фанни ФОҶ

352

351Дар партави иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, шароитҳои мусоиди таълим ва омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати курсантону шунавандагон ва омӯзгорони Академияи ВКД баргузор гардид.

Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ аз ду иншооти муҳимми Академия - толори варзишӣ баъди таъмири пурра ва меҳмонхона дидан намуда, сипас дар толори маҷлисгоҳи Академия дар фазои озод бо курсантону шунавандагон ва омӯзгорони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мулоқот намуд.
Дар вохӯрии мазкур Вазири корҳои дохилӣ оид ба маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон изҳори андеша намуданд, ки интихобот дар ҷумҳурӣ дар фазои озод, шафоф ва демократӣ баргузор гардида, аз ҷониби тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳо эътироф гашт, ки ин бори дигар ягонагии мардумро бо Пешвои миллат инъикос намуд.
Қайд карда шуд, ки дар рафти интихобот кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тартиботи ҷамъиятӣ, оромӣ ва суботро пурра дар қаламрави мамлакат таъмин намуданд.
Рамазон Раҳимзода дар идома иброз дошт, ки шурӯъ аз оғози соли нави таҳсил дар Академияи ВКД "Соли омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" эълон гардидааст. Дар ин самт, на танҳо ба факултети №6, балки ба тамоми ҳайати шахсӣ лозим аст, ки барои дақиқ ва амиқ омӯхтани фанни ФОҶ дастаҷамъона заҳмат кашанд. Бахусус, омӯзгоронро зарур аст, ки дар қалби курсантон муҳаббат ва кунҷковиро нисбати омӯзиши нозукиҳои ин фанни муҳим бедор карда, онҳоро ба иштирок дар озмунҳо ва навиштани мақолаҳои илмӣ ҷалб намоянд.

502503

Баъди ба анҷом расидани суханронии роҳбари аввали ВКД, байни курсантон ва Вазири корҳои дохилӣ саволу ҷавоб сурат гирифт. Курсантон дар баробари иштироки фаъол дар мулоқот, ҳамзамон изҳор доштанд, ки ба боварии роҳбарияти давлат ва ВКД сазовор гардида, дар омӯзиши фанҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд. Интизоми хизматиро барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, риояи қонуният ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон боз ҳам қавитар гардонида, тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва Вазири корҳои дохилиро дар ин самт амалӣ месозанд.

Б. АСЛАМОВ,
Ш. УБАЙДУЛЛОЕВ,
С. САФАРЗОДА

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...