Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАЗИФАҲОИ УМУМИИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ ДАР РАВАНДИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

3461.ВАЗИФАҲОИ УМУМИИ КОРМАНДИ МИЛИТСИЯ ДАР РАВАНДИ ИНТИХОБОТ
Корманди милитсия дар раванди интихобот фаъолияти худро дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ мемонад.

Корманди милитсия дар раванди интихобот вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабинии муҳимми сиёсӣ бо комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот ҳамкориро ба роҳ мемонад;
- дар муошират бо интихобкунандагон ва дигар шахсон дуруст ва боадабона муносибат намуда, дар ҳама ҳолатҳо, аз ҷумла ҳангоми пешниҳоди талабот ба шаҳрванд оид ба вайрон накардани тартиботи ҷамъиятӣ хушмуомила мебошад;
- тартиботи ҷамъиятиро дар бино ва ҷойҳое, ки комиссияҳои ҳавзавӣ мувофиқи нақшаи тасдиқгардида барои номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон вохӯриҳо доир менамоянд, таъмин менамояд;
- гузаронидани вохӯриҳоро дар ҷойҳои муқаррарнашуда пешгирӣ намояд ва дар бораи ҳолатҳои мазкур ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ маълумот медиҳад;
- паҳн намудани маводи таблиғотии пешазинтихоботии номзадҳоро, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ нашудаанд, пешгирӣ намояд ва ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ вобаста ба он маълумот медиҳад;
- ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳама гуна қоидавайронкуниҳо дар раванди интихобот дар ҳамкорӣ бо комиссияҳои интихоботӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд;
- ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешад;
- ба ҷойҳое, ки дар раванди интихобот истифода мегарданд (маҳалли баргузории ташвиқоти пешазинтихоботӣ, вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва ғайра) бо либоси хизматӣ ҳозир мегардад;
- ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳоро пешгирӣ менамояд, шароитҳоеро, ки ба содир кардани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунанд, ошкор намуда, барои рафъи онҳо тадбирҳо меандешад;
- тартиботро дар кӯчаю хиёбон, боғу майдонҳо, роҳҳои нақлиётгард, вокзалу фурудгоҳ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ таъмин менамояд;
- ариза, хабар ва дигар маълумотро дар хусуси ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин дар бораи содиркунандагони онҳо қабул мекунад, ба қайд мегирад ва чораҳои зарурии қонунӣ меандешад;
- ба шахсоне, ки аз ҳуқуқвайронкуниҳо зарар дидаанд, ёрии аввалинро мерасонад.

2. ВАЗИФАҲОИ КОРМАНДИ МИЛИТСИЯ ДАР ҲУДУДИ БИНОИ ОВОЗДИҲӢ

Ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ҳудуди бинои овоздиҳӣ корманди милитсия дар доираи ваколатҳои худ маҷмӯи чораҳоеро, ки ба таъмини муҳофизати бинои овоздиҳӣ, ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, амнияти шахсоне, ки дар дохил ва атрофи участкаи интихоботӣҳузурдошта, равона мегарданд, амалӣ мекунад.
Дар сурати пайдо шудани таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва бехатарии шахсоне, ки дар дохил ва ҳудуди бинои овоздиҳӣ қарор доранд, корманди милитсия фавран ба роҳбарияти худ ва навбатдори сохтори мақомоти корҳои дохилӣ хабар дода, мувофиқи супориши додашуда амал менамояд. Дар навбати аввал амали корманди милитсия бояд ба наҷоти ҳаёт ва ҳифзи саломатии одамон, бартараф намудани таҳдиди ҷойдошта ва дар мавриди зарурӣ ба тахлия (эвакуация) равона гардад.
Ҳангоми муроҷиат ба шаҳрванд дар ҳудуди бинои овоздиҳӣ корманди милитсия вазифадор мебошад:

- дар минтақаи баргузории интихобот риоя гардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро таъмин намуда, дар гирду атрофи бинои комиссияи ҳавзавӣ ва участкавии интихобот таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиётро пешгирӣ намояд;
- бо мақсади таъмини амнияти интихобкунандагон ва аъзои комиссияҳои интихоботӣ гирду атрофии минтақаи баргузории интихоботро таҳти назоратбарии доимӣ қарор дода, доир ба ҳама гуна амалҳои шубҳаовар ба роҳбарияти бевоситаи худ ахборот манзур намуда, тибқи супориши додашуда амал намояд;
- дар минтақаи баргузории интихобот бехатарӣ аз сӯхторро таъмин намуда, баҳри пешгирӣ намудани он тадбирҳои саривақтӣ андешад;
- ҳангоми муроҷиат ба шаҳрванд худро муаррифӣ карда, бо талаби шаҳрванд ба ӯ шаҳодатномаи хизматии худро нишон диҳад ва пас аз он мақсад ва сабаби муроҷиати худро изҳор намояд;
- ҳангоми татбиқи чораҳои маҳдудкунанда нисбати шаҳрванд, ба шаҳрванд сабаб ва асосҳои амалӣ гаштани чунин чораҳоро шарҳ диҳад.

3. ВАЗИФАҲОИ КОРМАНДИ МИЛИТСИЯ ДАР РӮЗИ ОВОЗДИҲӢ

Пас аз навбатдории шабона оид ба муҳофизати бинои овоздиҳӣ, ки дар он бюллетенҳои овоздиҳӣ нигоҳ дошта мешаванд, субҳи рӯзи овоздиҳӣ кормандони милитсия ба раиси комиссияи участкавии интихобот бинои овоздиҳиро месупоранд.
Овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот аз соати 6:00 то 20:00 вақти маҳаллӣ гузаронида мешавад.
Дар рӯзи интихобот, пеш аз оғози овоздиҳӣ дар участкаҳои интихобот аъзои комиссия, мушоҳидон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки дорои шаҳодатномаи дахлдори тасдиқнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо пешниҳоди ҳуҷчати тасдиқкунандаи шахсият, ҳуқуқи ҳузур доштанро доранд.
Раиси комиссияи участкавии интихобот дар ҳузури аъзои комиссия, мушоҳидон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма қуттиҳои интихоботиро аз назар гузаронида, муҳр мекунад.

Корманди милитсия дар рӯзи баргузории овоздиҳӣ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- муҳофизати бино, ки дар он бюллетенҳои овоздиҳӣ нигоҳдорӣ мегарданд ва атрофи онро таъмин менамояд;
- ба бинои овоздиҳӣ бо либоси хизматӣ ҳозир мегардад;
- дар сурати мушоҳида намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби мушоҳидон, намояндаҳо ва воситаҳои ахбори омма ба раиси комиссияи участкавии интихобот хабар медиҳад;
- бехатарии шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро дар бинои овоздиҳӣ ва ҳудуди он аз оғоз то анҷоми овоздиҳӣ таъмин менамояд;
- бо дархости комиссияи участкавии интихобот ба таъмин гардидани вазифаҳои комиссияҳои участкавии интихобот, ки бо қонунгузории интихоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳамаҷониба мусоидат намояд.
Корманди милитсия вазифадор аст, ки дар доираи ваколатҳои худ бо даъвати раис, муовини раис, котиб ва аъзои комиссияи интихоботӣ шахсонеро, ки ба изҳори иродаи озоди интихобкунандагон монеа мегарданд, аз дохили бинои овоздиҳӣ берун намояд.

Ҳангоми мусоидат ба комиссияҳои участкавии интихобот дар рӯзи овоздиҳӣ корманди милитсия ҳуқуқ надорад:
- ба ҷараёни овоздиҳӣ дахолат кунад;
- корҳои ташвиқотию тарғиботии пеш аз интихобот гузаронад;
- дар дохили хонаи овоздиҳӣ ҳузур дошта бошад, ба истиснои ҳолатҳои барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо;
- ба интихобкунанда оид ба татбиқ намудани ҳуқуқҳои интихоботии онҳо тавсия ва маслиҳат диҳад;
- амале содир намояд, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст занад.

4. НОМГӮИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ МАЪМУРӢ, КИ БА РАВАНДИ ИНТИХОБОТ ДАХЛ ДОРАНД
(моддаҳои Кодекси ҳуқуқваронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Моддаи 58. Дахолат кардан ба кори комиссияи интихобот ва комиссияи раъйпурсӣ
Барои бо истифода аз вазъи мансабию хизматӣ дахолат кардан ба кори комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ ҷиҳати амалӣ намудани ваколатҳояшон, ки қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар намудааст, бо мақсади таъсир расонидан ба қарори он, яъне талаб ё супориши шахси мансабдор оид ба масъалаҳои ба қайд гирифтани номзадҳо, шуморидани овози интихобкунандагон ва масъалаҳои дигар, ки ба ваколати истисноии комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ мансубанд, ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 62. Риоя накардани ҳуқуқи узви комиссияи интихобот комисссияи раъйпурсӣ, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, шахсони боэътимоди номзад ё намояндагони воситаҳои ахбори омма
Барои риоя накардани ҳуқуқи узви комиссияи интихобот, комисссияи раъйпурсӣ, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, шахсони боэътимоди номзад ё намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла ҳуқуқи саривақт гирифтани иттилоъ, ки дар қонун пешбинӣ шудааст. Ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 66. Тарғиботи пеш аз интихобот ва таргиботи раъйпурсӣ дар замон ё маконе, ки он манъ аст
Барои таргиботи пеш аз интихобот ва тарғибот ҳангоми раъйпурсӣ дар замон ё маконе, ки гузаронидани чунин тарғибот тибқи қонунгузории интихобот ва раъйпурсӣ манъ карда шудааст,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 67. Тарғиботи пеш аз интихобот ва тарғиботи раъйпурсӣ аз тарафи шахсоне, ки иштироки онҳоро қонун манъ кардааст
Барои тарғиботи пеш аз интихобот ва тарғиботи раъйпурсӣ аз тарафи шахсоне, ки иштироки онҳоро қонун манъ кардааст. Ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 68. Фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ба пешниҳод намудан ё интихоб шудани номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, ки рӯйхати номзадҳоро ба вакилӣ
пешниҳод кардаанд, барои ба даст овардани натиҷаҳои муайян дар интихобот монеъ мегардад ё мусоидат менамояд
Барои фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ба пешниҳод намудан ё интихоб шудани номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, ки рӯйхати номзадҳоро ба вакилӣ пешниҳод кардаанд, барои ба даст овардани натиҷаҳои муайян дар интихобот монеъ мегардад ё мусоидат менамояд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то панҷоҳ, бо берункунии маъмурӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 69. Таҳия ва паҳн кардани маводи тарғиботии беном
Барои таҳия ва паҳн кардани маводи тарғиботии чопӣ ва аудиовизуалии беном дар давраи тайёрию гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо дар бораи теъдод, вақти нашр, ном ва суроғаи созмон ё ному насаб, ҷои истиқомати шахси таҳиякунандаи ин маводи тарғиботии чопӣ ва аудиовизуалӣ, инчунин дар бораи номи созмон ё ному насаби шахси супоришдиҳандаи ин маводи тарғиботӣ, чопӣ ва аудиовизуалӣ маълумот мавҷуд набошад, инчунин таҳияи маводи тарғиботии чопӣ ва аудиовизуалӣ, ки дар онҳо маълумоти номбаршуда нодуруст зикр гардидааст. Ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 71. Қасдан нобуд кардан ё расонидани зарар ба маводи чопии тарғиботии марбут ба интихобот ва раъйпурсӣ
Барои қасдан нест кардан ё расонидани зарар ба маводи маълумот ё чопии тарғибот, ки дар асоси талаботи қонунгузорӣ дар биноҳо, иншоот ё дигар объектҳо бо розигии молик ё соҳиби он дар маъракаҳои интихобот, тайёрӣ ё гузаронидани раъйпурсӣ овехта шудаанд, инчунин ворид намудани навиштаҷот ё кашидани аксҳо дар маводи маълумотию тарғиботии чопӣ, ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 72. Риоя накардани ҳуқуқи истифодаи биноҳо дар рафти маъракаи интихобот, тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ
Барои риоя накардани ҳуқуқи номзадҳо, гурӯҳҳои ташаббускор оид ба гузаронидани раъйпурсӣ ҷиҳати баробар истифода бурдан аз биноҳои моликияти давлатӣ ё коммуналӣ барои вохӯрӣ бо интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар намудааст, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 73. Ба тарафдории номзад ҷалб кардани интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ бо роҳи ришва додан
Барои ба интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ додани маблағ, тӯҳфа, дигар сарватҳои моддӣ, баргузор намудани фурӯши имтиёзнок ё ройгон додани мол ё хизматрасонии имтиёзнок бо мақсади ба тарафдории номзад ҷалб кардани онҳо, ҳамчунин анҷом додани фаъолияти эҳсонкорӣ бар хилофи талаботи қонун дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 77. Маблағгузории ғайриқонунии маъракаҳои интихобот ва раъйпурсӣ бидуни хазинаҳои интихобот, хазинаҳо барои гузаронидани раъйпурсӣ ва расонидани дигар кӯмакҳои моддӣ
Барои ғайриқонунӣ расонидани кӯмаки молиявӣ ё моддӣ ба маъракаҳои интихоботи номзад ба вакилӣ, ҳизбҳои сиёсӣ бидуни хазинаҳои интихоботии онҳо ё ройгон ва ё бо нархҳои беасос паст аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷро намудани корҳо, хизматрасонӣ ё фурӯши мол вобаста ба гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 84. Монеъ шудан ба тарғиботи пеш аз интихоботӣ
Барои монеъ шудан ба тарғиботи пеш аз интихоботӣ, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.


5. НОМГӮИ КИРДОРҲОИ ҶИНОЯТИЕ, КИ БА РАВАНДИ ИНТИХОБОТ ДАХЛ ДОРАНД
(моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Моддаи 150. Монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқҳои интихоботӣ ва фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ

1) Монеъ шудан ба шаҳрванд ҷиҳати татбиқи ҳуқуқҳои интихоботиаш ё ҳуқуқи иштирок дар райъпурсӣ, инчунин монеъ шудан бо фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ ё комиссия оид ба гузаронидани райъпурсӣ, бо ҷарима ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор агар:
а) дар алоқамандӣ бо ришвадиҳӣ, фиреб, зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
б) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 151. Сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ ё ҳисоби нодурусти овоз

Сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ, дидаю дониста нодуруст ҳисоб кардани овоз, дидаю дониста нодуруст муайян кардани натиҷаҳои интихобот, раъйпурсӣ, ҳамчунин вайрон намудани овоздиҳии пинҳонӣ, ки аз ҷониби узви комиссияи интихоботӣ, гурӯҳи ташаббускор ё комиссия оид ба гузаронидани раъйпурсӣ содир шудааст, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то чор сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Хонкилдиев А.Б. – Корманд – мутахассиси кафедраи

фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД

Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...