Ифтихори мо
Варзиш ба фаъолияти ҷавонон алоқамандии мустақим дорад. Мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз варзишгарони муваффақу комёб, хоксору ҳалим ва беҳтарини Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзода Наврӯз Маҳмадшариф мебошад, ки эшон санаи 16-уми марти соли 1992 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ҷамоати деҳоти Деҳқонободи деҳаи Арча ба дунё омадааст. Ӯ соли 1999 ба МТМУ №8-и ноҳия қадамҳои аввалини худро гузошта ва соли 2010 ин муассисаро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон С.Раҳимов супорид ва номи пуршарафи донишҷӯро сазовор гашт.
Дар давоми донишҷӯӣяш пайваста дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок мекард ва сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. Соли 2013- 2014 сазовори серияи А ва В ва худи ҳамон солҳо аз намуди тениси рӯи мизӣ дар сатҳи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардида буд, фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардид.
Дар баробари ин, соли 2016 дар яке аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ дар намуди футболи хурд фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал ва соҳиби “Ҷоми шаҳри Душанбе” гардидааст. Соли 2017 бошад, дар мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди футболи хурд, ки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардида буд, сазовори ҷои 2-юм гаштааст. Инчунин соли 2018 дар мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди варзиши “тениси рӯи миз” иштирок намуда, сазовори ҷои 1-ум гаштааст.
Ҳалимзода Наврӯз бо ин малакаи баланди худ тавонистааст, боз дар бисёр мусобиқаҳои варзишии дигар низ фаъолона иштирок намояду сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, парчамбардори Ватани азизамон гардад. Аз соли 2016 ба сафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дохил шуда то ҳол фаъолият дорад. Ҳоло ба ҳайси муовини сардори курси воҳидӣ-таълимии факултети №2 Академияи ВКД кор ва фаъолият намуда истодааст.
Тоҷиддини Бахтиёр, Холиқов Бахтиёр, курсантони курси 2-юми факултети №2 Академияи ВКД.