Пешвои миллат – ифтихори мо
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст дар пеш моро як чорабинии муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор аст, ки дар доираи талаботи конститутсионии мамлакат дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 баргузор мегардад, барои ҳар як шаҳрванд марҳилаи муҳими интихоби зиндагии арзанда маҳсуб меёбад.
Агар мо ба гузашти худ назар андозем, пас маълум мегардад, ки бо саъю кушишҳои беандозаи Пешвои муаззами миллат кишвари мо яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ ба ҳисоб меравад. Ва ба ҳамагон маълум аст, ки давлати мо солҳои 1990-1991-ум чӣ рузҳои талху фаромӯшнашавандаро аз сар гузаронид. Ва маҳз ин рӯзҳои талху бесарусомонӣ бо саъю кушишҳо ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат буд, ки мо ин рӯзҳои сахтро паси сар кардем ва имрӯз як давлати соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравем.
Дар баробари ин ба ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум аст, ки дар давраи оғози бунёди давлатдорӣ Эмомалӣ Раҳмон на факат ҳамчун як Президент балки як сиёсатмадори варзида ба монанди як нигини дурахшон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, мо тоҷикон дар минбари баланди созмонҳои бонуфузи дунё ҷойгоҳи хешро пайдо намудем. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат ба вуҷудоварандаи сулҳу субот, амният ва рамзи олии садоқату ватандорӣ мебошад, ки мардуми тоҷик худро пайравӣ Сарвари оқилу хирадманди хеш медонанд. Бо назардошти ин, масъулияти бузурги шаҳрвандӣ, интихоби ман - Эмомали Раҳмон мебошад, ки зеро номзади сазовор ва умеду ормони миллат, маҳз Пешвои миллат аст.
Эмомалиё Худо ба мақсад бирасӣ,
Умри ту дароз чу Саъдӣ бар сад бирасӣ.
То сад бирасӣ, Сарвари давлат бошӣ,
Эй сарвари мо Худо ба мақсад бирасӣ.
Тоҷиддини Бахтиёр, курсанти курси 2-юми факултети №2, милитсияи қаторӣ