Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳфили илмӣ-адабии академиявӣ дар мавзӯи «Интихобот – таҷассумгари соҳибихтиёрии халқ»

335

Бо мақсади амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дарку фаҳм ва масъалагузории чорабинии муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар арафаи он қарор дорем, дар таърихи 7-уми октябри соли 2020 бо ташаббуси ҷамъияти илмии «Давлатшиносони ҷавон»-и кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабии академиявӣ дар мавзӯи «Интихобот – таҷассумгари соҳибихтиёрии халқ» баргузор гардид. 

Дар чорабинии мазкур сардори ШТИ ва ТН Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода Амиршоҳ ва ходими калони илмии ШТИ ва ТН Академияи номбурда, полковники милитсия Асламов Бозоралӣ ва ҳамзамон ҳайати профессорону омӯзгорони Академия Арипов Анвар, Заробидинзода Сулаймон, Қодирзода Ғолиб, Фахридинзода Ҳамза, Абдуҷабборзода Мавҷуда, Маҳинаи Нуралӣ, Нурализода Шералӣ, роҳбари маҳфили илмӣ Ҷалолзода Сорбон ва аъзоёни маҳфили илмӣ курсантони курсҳои 2, 3, 4-и факултети №2,6-и Академияи мазкур фаъолона иштирок намуданд.
Маҳфили илмӣ-адабӣ бо сухани ифтитоҳии ходими калони илмии ШТИ ва ТН Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич оғоз гардид.
Номбурда аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 ёдовар шуда, зикр намуд, ки «Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад».
Сипас сухани навбатӣ барои ёдоварӣ аз муҳимияти маъракаи сиёсии интихобот ба сардори ШТИ ва ТН Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Мансурзода Амиршоҳ дода шуд. Номбурда ҳамагонро бахшида ба таҷлили чорабинии муҳим ва тақдирбахши сиёсӣ, ки дар арафаи он қарор дорем муборакбодӣ намуда, иброз дошт, ки интихобот яке аз шаклҳои таҷассумгардонии соҳибихтиёрии халқ ба ҳисоб меравад. Ифодаи озоди иродаи халқ маҳз ба воситаи интихобот амалӣ мегардад ва маҳз сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ ба воситаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ побарҷо мегардад. Аз ин лиҳоз иштирок ва овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини ватандӯсту мейҳанпараст ба ҳисоб меравад.
Сипас маърӯзачиён ботартиб – курсантони курси 2-юм, гурӯҳҳои таълимии 204 ва 208, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо се забон дар мавзӯъҳои мухталиф, Холиқов Бахтиёр «Сухани табрикотӣ ва қироати шеър бахшида ба таҷлили интихоботи навбатӣ», Таваллоева Моҳрухсор дар мавзӯи «Раванди ташаккулёбии интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Азимов Мансур бо забони русӣ дар мавзӯи «Президентские выборы в Республике Таджикистан»; Хушмуҳаммадзода Аҳмадшоҳ бо забони англисӣ дар мавзӯи «The procedure for the election of the President of Tajikistan» ва Неъматов Абдумалик дар мавзӯи «Аҳамияти интихобот дар давлати демократӣ» баромад намуда, паҳлӯҳои гуногуни ин маъракаи сиёсиро арзёбӣ намуда, бо мақсади боз ҳам рушду ташаккул ва шаффофияти низом ва ҳуқуқи интихобот пешниҳодҳои худро иброз намуданд.

336

Ҳамин тариқ, сухани ҷамъбастӣ пас аз баромади маърӯзачиён ба Ходими калони илмии ШТИ ва ТН Академия, полковники милитсия Асламов Бозоралӣ дода шуд. Аз ин лиҳоз, ба мо – кормандони милитсия зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳем ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ баргузор гардад. Умедворам, ки ин чорабинӣ ба ҳамагон аз нуқтаи назари илмӣ ва аз ҷиҳати маънавӣ самарабахш ва фоиданок буд.
Дар интиҳои чорабинӣ иштирокдоштагон аз баргузории маҳфили илмӣ-адабии мазкур қаноатмандӣ намуда, аз рафти он баҳраманд гардида, ибрози сипос намуданд. Бо ҳамин, кори маҳфили илмӣ-адабии академиявӣ дар мавзӯи «Интихобот – таҷассумгари соҳибихтиёрии халқ» ба анҷом расид.
Ҷалолзода С.И., роҳбари маҳфили илмии «Давлатшиносони ҷавон», муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...