Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Робитаи назария бо амалия дар Академияи ВКД

332

Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастури сардори Академия, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. барои чуқур аз худ намудани фанҳои таълимӣ робитаи назария бо амалияи мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳамин асос бо курсантони курси 4-уми факултети №2 аз ҷониби собиқ сардори шуъбачаи кисми махсуси таълимии маркази Хадамоти кинологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол шунавандаи курси 2-юми факултети №1 подполковники милитсия Музаффарзода Б.З. дар мавзӯи «Одорологияи криминалистӣ» дарси амалӣ гузаронида шуд.
Дарсро курсантон бо мароқи том шунида, ҷиҳатҳои амалии одорологияи криминалистиро аз худ намуданд. Дарси мазкурро дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 полковники милитсия Убайдуллоев Ш.Э. ҳамроҳӣ намуд.
Шуъбаи таълими Академия таҳти роҳбарии н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. тасмим гирифтааст, ки чунин раванди муҳимро дар дигар кафедраҳои Академия низ ба роҳ монанд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...