Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забон яке аз рукнҳои ташаккули миллат

330Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми октябри соли равон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Забони тоҷикӣ яке аз рукнҳои ташаккули миллат» баргузор гардид. 

Муовини сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Саидзода З.А. чорабиниро оғоз намуда, қайд кард, ки забони миллӣ дар даврони Истиқлолият таҳти сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус раҳнамоӣ ва сарпарастии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ҳамчун забони давлатӣ ҷойгоҳи худро пайдо карда, ба забони асосии ҷомеа дар умури дохилӣ ва хориҷии давлатдории миллӣ мақоми махсус касб кардааст.
Инчунин дар бораи таърихи забони тоҷикӣ низ ибрози андеша карда шуд. Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Тураҳасанов Абдуқодир дар мавзӯи «Истилоҳ ва истилоҳшиносӣ», сармутахассиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодова Сарвбону дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар», Давлатшозода Азиза, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, дар мавзӯи «Садриддин айнӣ ва инкишофи забони адабии ҳозираи тоҷик», курсанти курси сеюми Академияи ВКД Ризозода Ширин дар мавзӯи «Андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мақоми забон», курсанти курси сеюм Содиқи Сипеҳр дар мавзӯи «Моҳият ва табиати забон» суханронӣ намуда, дар фарҷом курсантони Академия дар васфи забони ноби тоҷикӣ шеърҳо қироат намуданд.
Бобозода Нилуфар, капитани милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...